https://sputnik.tj/20220518/halokati-jarohat-havodis-rushon-1048539660.html
Ҳалокати 9 ва ҷароҳати 24 нафар дар ҳаводиси Рӯшон
Ҳалокати 9 ва ҷароҳати 24 нафар дар ҳаводиси Рӯшон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нооромиҳои ахир дар ноҳияи Рӯшонро шарҳ додааст, ки бар асари он 9 нафар ҳалоку 24 нафар захмӣ шудаанд
2022-05-18T15:41+0500
2022-05-18T15:41+0500
2022-05-18T22:01+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
рӯшон
вмкб
амалиёт
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101358/62/1013586205_0:72:2881:1692_1920x0_80_0_0_b23f166448ee7184b76e3f499da29c44.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, қазия аз он оғоз шудааст, ки "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша" иборат аз 200 нафар дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.Ба иттилои ин ниҳод, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид. "Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд", - омадааст дар иттилоия. ВУД сокинони Рӯшонро дар он муттаҳам мекунад, ки бо истифода аз маводи оташафрӯзандаи "Коктейли Молотов" ба колоннаи автомашинаҳои хидматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҳамла намуданд. Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар аз хидматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, таъкид кардаст манбаъ. Вобаста ба қазияи мазкур аз ҷониби прокуратураи вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.ВУД мегӯяд, айни ҳол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба кори муқаррарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд.Ин ниҳод эълон кардаст, ки ҳоло ҳам имконияти сулҳомези супоридани ҳама гуна силоҳ ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шудан мавҷуд аст ва фардо дер мешавад. Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.
https://sputnik.tj/20220518/vkd-tojikiston-amaliyot-zidditerroristiro-badakhshon-1048527452.html
рӯшон
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101358/62/1013586205_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e9a220c3264334b3a515c81eb250436e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, вуд, амалиёт, рӯшон
шарҳ, вуд, амалиёт, рӯшон
Ҳалокати 9 ва ҷароҳати 24 нафар дар ҳаводиси Рӯшон
15:41 18.05.2022 (Навсозишуда: 22:01 18.05.2022) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нооромиҳои ахир дар ноҳияи Рӯшонро шарҳ додааст, ки бар асари он, 9 нафар ҳалоку 24 нафар захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, қазия аз он оғоз шудааст, ки "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша" иборат аз 200 нафар дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.
Ба иттилои ин ниҳод, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.
"Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд", - омадааст дар иттилоия.
ВУД сокинони Рӯшонро дар он муттаҳам мекунад, ки бо истифода аз маводи оташафрӯзандаи "Коктейли Молотов" ба колоннаи автомашинаҳои хидматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҳамла намуданд. Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар аз хидматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, таъкид кардаст манбаъ.
Вобаста ба қазияи мазкур аз ҷониби прокуратураи вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
ВУД мегӯяд, айни ҳол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба кори муқаррарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд.
Ин ниҳод эълон кардаст, ки ҳоло ҳам имконияти сулҳомези супоридани ҳама гуна силоҳ ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шудан мавҷуд аст ва фардо дер мешавад.
Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.