https://sputnik.tj/20220518/nordwind-khatsayr-nav-perm-dushanbe-1048535667.html
"Nordwind" парвоз дар хатсайри нави Перм - Душанберо оғоз мекунад
"Nordwind" парвоз дар хатсайри нави Перм - Душанберо оғоз мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавопаймоии русии Nordwind дар пайи ифтитоҳи хатсайри Қазон - Душанбе парвозҳои нав аз Перм ба пойтахти Тоҷикистонро эълон кард
2022-05-18T15:00+0500
2022-05-18T15:00+0500
2022-05-18T16:34+0500
дар тоҷикистон
дар русия
парвоз
душанбе
перм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042995499_0:139:3071:1866_1920x0_80_0_0_7de3d5ce1498c9e576fa38eb0aee83ee.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ширкати "Nordwind Airlines" барномаи парвоз аз Перм ба Душанберо эълон кард, хабар медиҳад сомонаи расмии ин ширкат. Ба гуфтаи ин ширкати ҳавопаймоӣ, парвозҳо дар хатсайри Перм - Душанбе - Перм аз 4 июн оғоз мешаванд. Ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон рӯзҳои шанбе парвоз хоҳанд кард, аммо дар вебсайти фурудгоҳи Перм то ҳол ҷадвали дақиқи парвозҳо вуҷуд надорад. Аммо дар баробари ин "Nordwind Airlines" аллакай фурӯши чиптаҳоро барои парвозҳо оғоз кардааст. Дар вебсайти расмии ширкати ҳавопаймоӣ арзиши чиптаҳои яктарафа барои ин хатсайр аз 7 ҳазор рубл барои як нафар оғоз мешавад. Вақти сафар 3 соату 45 дақиқа хоҳад буд.Қаблан маълум шуда буд, ки "Nordwind" дар охири моҳи май парвози навро байни Душанбе ва Қазон оғоз мекунад.Парвозҳо дар масири зикршуда дар ду самт ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд. Парвози нахустин рӯзи 26 май дар назар аст. Ҳавопаймоҳо аз Қазон соати 03:05 ба вақти маҳаллӣ парвоз мекунанд. Воридшавӣ ба Душанбе соати 08:30. Аммо парвози бозгашт соати 10:00 бо расидан ба Қазон дар соати 11:45 ба нақша гирифта шудааст. Ёдовар мешавем, ки дар Русия дар як қатор минтақаҳо низоми маҳдудияти парвозҳо ҷорӣ шудааст. Он ба фурудгоҳҳои Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленджик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростов, Симферопол ва Элиста дахл дорад.
https://sputnik.tj/20220517/dushanbe-qazon-parwoz-1048502987.html
душанбе
перм
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042995499_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_20b6658386d8d51ba3d5f7e8a69db679.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
nordwind парвоз хатсайр перм душанберо
nordwind парвоз хатсайр перм душанберо
"Nordwind" парвоз дар хатсайри нави Перм - Душанберо оғоз мекунад
15:00 18.05.2022 (Навсозишуда: 16:34 18.05.2022) Ширкати ҳавопаймоии русии "Nordwind" дар пайи ифтитоҳи хатсайри Қазон - Душанбе парвозҳои нав аз Перм ба пойтахти Тоҷикистонро эълон кард
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ширкати "Nordwind Airlines" барномаи парвоз аз Перм ба Душанберо эълон кард, хабар медиҳад сомонаи расмии ин ширкат.
Ба гуфтаи ин ширкати ҳавопаймоӣ, парвозҳо дар хатсайри Перм - Душанбе - Перм аз 4 июн оғоз мешаванд.
Ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон рӯзҳои шанбе парвоз хоҳанд кард, аммо дар вебсайти фурудгоҳи Перм то ҳол ҷадвали дақиқи парвозҳо вуҷуд надорад.
Аммо дар баробари ин "Nordwind Airlines" аллакай фурӯши чиптаҳоро барои парвозҳо оғоз кардааст.
Дар вебсайти расмии ширкати ҳавопаймоӣ арзиши чиптаҳои яктарафа барои ин хатсайр аз 7 ҳазор рубл барои як нафар оғоз мешавад. Вақти сафар 3 соату 45 дақиқа хоҳад буд.
Қаблан маълум шуда буд, ки "Nordwind" дар охири моҳи май парвози навро байни Душанбе ва Қазон оғоз мекунад.
Парвозҳо дар масири зикршуда дар ду самт ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд. Парвози нахустин рӯзи 26 май дар назар аст.
Ҳавопаймоҳо аз Қазон соати 03:05 ба вақти маҳаллӣ парвоз мекунанд. Воридшавӣ ба Душанбе соати 08:30. Аммо парвози бозгашт соати 10:00 бо расидан ба Қазон дар соати 11:45 ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия дар як қатор минтақаҳо низоми маҳдудияти парвозҳо ҷорӣ шудааст. Он ба фурудгоҳҳои Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленджик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростов, Симферопол ва Элиста дахл дорад.