Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Душанбе ва Қазонро хатсайри мустақим мепайвандад

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Nordwind AirlinesСамолет авиакомпании "Nordwind"
Самолет авиакомпании Nordwind - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии русии "Nordwind" авохири моҳи май парвози навро байни Душанбе ва Қазон оғоз мекунад, ки ҳафтае як бор сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Миёни шаҳрҳои Душанбе ва Қазон парвози нав оғоз мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии фурудгоҳи Қазон.
Парвозҳо дар масири мазкур дар ду самт ҳар ҳафта - рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.

"Нахустин парвози ширкати ҳавопаймоии русии "Nordwind" рӯзи 26 май дар назар аст", - омадааст дар хабар.

Парвозҳо тавассути ҳавопаймои "Airbus A321" бо зарфияти 218 мусофир анҷом дода мешаванд. Вақти сафар тақрибан 3,5 соат хоҳад буд.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳо соати 03:05 ба вақти маҳаллӣ аз Қазон парвоз хоҳанд кард.
Фуруд ба пойтахти Тоҷикистон соати 08:30 ба вақти Душанбе дар назар аст. Аммо парвози бозгашт соати 10:00 ва фуруд ба Қазон соати 11:45 ба нақша гирифта шудааст.
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Душанбе дар Русия маъруфияти бештаре пайдо кардааст
Дафтари матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Қазон ёдовар шуд, ки ҷадвали муфассали парвозро метавон дар вебсайти фурудгоҳ дарёфт кард. Илова бар ин ҷадвал метавонад тағйир ёбад.
Ёдовар мешавем, ки Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия режими маҳдудияти парвозҳоро дар як қатор минтақаҳои Русия тамдид кард.
Шаҳрҳои офтобӣ: Русҳо Душанбеву Хуҷандро барои гузаронидани таътилоти май интихоб мекунанд
Маҳдудиятҳо дар бандарҳои ҳавоии Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленджик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста ҷориянд.
Лентаи хабарҳо
0