https://sputnik.tj/20220518/nigaronii-rusiya-maqomoti-tojik-etidol-amniyat-1048551580.html
Нигаронии Русия аз вазъ дар ВМКБ ва ваъдаи мақомоти тоҷик барои таъмини эътидол
Нигаронии Русия аз вазъ дар ВМКБ ва ваъдаи мақомоти тоҷик барои таъмини эътидол
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Русия нигаронияшро аз ташаннуҷи вазъият дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баён дошта, аз ваъдаи мақомоти тоҷик гуфтаст
2022-05-18T22:03+0500
2022-05-18T22:03+0500
2022-05-19T12:12+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
вазорати умури хориҷии русия
вмкб
рӯшон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_33be344f0536dc86b3b07520adcdff82.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки барои эътидоли вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораандешӣ мекунанд, изҳор дошт Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия. Захарова зимни нишасти хабарӣ гуфт, хабарҳои расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи ташаннуҷи вазъ дар ВМКБ-ро бо нигаронӣ қабул карданд. Ӯ афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон дар хабарҳояшон ташаннуҷи вазъро кори дасти омилҳои ҷиноӣ ва ифротгароҳо хондаанд. Намояндаи ВУХ Русия бо зикри қурбонӣ ва маҷруҳ шудани одамон дар ин ҳаводис, аз ҷумла миёни қудратиҳо изҳор дошт, ки дар миёнашон шаҳрвандони Русия нестанд. Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша" иборат аз 200 нафар дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.Ба иттилои ин ниҳод, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид."Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд", - омадааст дар иттилоия.ВУД сокинони Рӯшонро дар он муттаҳам мекунад, ки бо истифода аз маводи оташафрӯзандаи "Коктейли Молотов" ба колоннаи автомашинаҳои хидматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҳамла намуданд.Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар аз хидматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, таъкид кардааст манбаъ. Додситонӣ аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.
https://sputnik.tj/20220518/amaliyot-zidditerrorist-vmkb-anjom-1048547733.html
вмкб
рӯшон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_212:0:2943:2048_1920x0_80_0_0_2cdaeac41eed939ba441705d6c998e87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваъда, мақомот, тоҷик, таъмин, амният, эътидол
ваъда, мақомот, тоҷик, таъмин, амният, эътидол
Нигаронии Русия аз вазъ дар ВМКБ ва ваъдаи мақомоти тоҷик барои таъмини эътидол
22:03 18.05.2022 (Навсозишуда: 12:12 19.05.2022) Вазорати умури хориҷии Русия нигаронияшро аз ташаннуҷи вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён дошта, аз ваъдаи мақомоти тоҷик гуфтааст
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки барои эътидоли вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораандешӣ мекунанд, изҳор дошт Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия.
Захарова зимни нишасти хабарӣ гуфт, хабарҳои расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи ташаннуҷи вазъ дар ВМКБ-ро бо нигаронӣ қабул карданд. Ӯ афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон дар хабарҳояшон ташаннуҷи вазъро кори дасти омилҳои ҷиноӣ ва ифротгароҳо хондаанд.
Намояндаи ВУХ Русия бо зикри қурбонӣ ва маҷруҳ шудани одамон дар ин ҳаводис, аз ҷумла миёни қудратиҳо изҳор дошт, ки дар миёнашон шаҳрвандони Русия нестанд.
"Мақомоти ҷумҳурӣ ваъда додаанд, ки тадбирҳои заруриро барои эътидоли вазъият ва таъмини амнияти русиягиҳо, ки метавонанд дар макони ҳодиса бошанд, меандешанд", - афзуд ӯ.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша" иборат аз 200 нафар дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.
Ба иттилои ин ниҳод, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.
"Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд", - омадааст дар иттилоия.
ВУД сокинони Рӯшонро дар он муттаҳам мекунад, ки бо истифода аз маводи оташафрӯзандаи "Коктейли Молотов" ба колоннаи автомашинаҳои хидматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҳамла намуданд.
Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар аз хидматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, таъкид кардааст манбаъ. Додситонӣ аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.