https://sputnik.tj/20220518/amaliyot-zidditerrorist-vmkb-anjom-1048547733.html
Анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ дар ВМКБ: Роҳи Хоруғ - Қулма боз шуд
Анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ дар ВМКБ: Роҳи Хоруғ - Қулма боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти вижаи зиддитеррористӣ анҷом ёфт. 18.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-18T18:46+0500
2022-05-18T18:46+0500
2022-05-18T18:46+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/14/1026791468_0:0:2374:1336_1920x0_80_0_0_6630ea3adf26c170686be2630dcfdbd1.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Кормандони интизомии Тоҷикистон амалиёти вижаи безараргардонии ҷангҷӯёни мусаллаҳ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро анҷом доданд.Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод.Натоиҷи амалиёт ва изҳороти расмии мақомоти ҷумҳурӣ дар ҳоли ҳозир дастрас нест. Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша" иборат аз 200 нафар дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.Ба иттилои ин ниҳод, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид."Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд", - омадааст дар иттилоия.ВУД сокинони Рӯшонро дар он муттаҳам мекунад, ки бо истифода аз маводи оташафрӯзандаи "Коктейли Молотов" ба колоннаи автомашинаҳои хидматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҳамла намуданд. Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар аз хидматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, таъкид кардаст манбаъ.
https://sputnik.tj/20220518/halokati-jarohat-havodis-rushon-1048539660.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/14/1026791468_191:0:2291:1575_1920x0_80_0_0_e013d1ac7642fb22b31db0cd970ae49e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ дар ВМКБ: Роҳи Хоруғ - Қулма боз шуд
Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти вижаи зиддитеррористӣ анҷом ёфт.
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Кормандони интизомии Тоҷикистон амалиёти вижаи безараргардонии ҷангҷӯёни мусаллаҳ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро анҷом доданд.
Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод.
"Амалиёти вижаи ниҳодҳои амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба анҷом расида, роҳҳои Рӯшон-Хоруғ ва Хоруғ-Қулма боз шуд" ”, - омадааст дар хабарнома.
Натоиҷи амалиёт ва изҳороти расмии мақомоти ҷумҳурӣ дар ҳоли ҳозир дастрас нест.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша" иборат аз 200 нафар дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.
Ба иттилои ин ниҳод, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.
"Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд", - омадааст дар иттилоия.
ВУД сокинони Рӯшонро дар он муттаҳам мекунад, ки бо истифода аз маводи оташафрӯзандаи "Коктейли Молотов" ба колоннаи автомашинаҳои хидматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҳамла намуданд.
Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар аз хидматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, таъкид кардаст манбаъ.