Назари Амриддин Аловатшоев дар бораи ҳукми додгоҳ маълум шуд: баҳс ба Суди Олӣ меравад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Обуна шудан
Амриддин Аловатшоев, ки аз роҳбарони ғайрирасмии ҷавонони Роштқалъа дар Русия маҳсуб мешавад, аз маҳкум шуданаш ба 18 соли зиндон изҳори норозигӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Вакилони дифои Амриддин Аловатшоев аз ҳукми додгоҳ, ки зерҳимояашонро ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст, шикояти кассатсионӣ бурданд.
Дар ин бора Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зиддин шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки Аловатшоев ва вакилонаш аз ҳукм норозиянд. Интизор меравад, ки шикояти кассатсионӣ дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасӣ шавад.
Амриддин Аловатшоев дар нахустин ва ягона мурофиаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳ бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ - дар гирифтани гаравгон, ғасби иншооту василаҳои алоқа, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ва ташкили гурӯҳи экстремистӣ гунаҳкор дониста шуд.
Мурофиаи додгоҳӣ таҳти роҳбарии додраси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор гардидааст.
Хафиззода Шоди Хуршед начальник УБОП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
"Аз Русия баргашт, боздошт шуд" - генерал Ҳафиззода айби Амриддин Аловатшоевро гуфт
Қаблан Аловатшоев аз тариқи телевизиони "Бадахшон" бо қироати як муроҷиатнома изҳор дошт, ки ихтиёрӣ худро таслими мақомоти Тоҷикистон кардааст. Дар муроҷиатномаи нашршуда Аловатшоев аз корҳои кардааш изҳори пушаймонӣ намуда мегӯяд, хатоҳояшро фаҳмидааст.
Ӯ гуфт, 11-уми январ, баъди он ки фаҳмидаанд, ҳамоиши эътирозӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав алайҳи ҳодисаҳои моҳи ноябрии Хоруғу Роштқалъа ғайриқонунӣ будааст, қасди фирор ба Украина намудааст.
Вай идома дод, ки дар наздикии марз фикрашро тағйир дода, нахостааст, як умр фирорӣ бошад ва бинобар ин ба Маскав баргашта, аз он ҷо ба Душанбе парвоз кардааст. Ӯ афзуд, ки дар Душанбе худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардааст. Ӯ таъкид намуд, ки тавба кардаасту баъди ба озодӣ баромадан ба хидмати наздиконаш машғул мешавад.
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2022
Эълони ҳукми Амриддин Аловатшоев дар боздоштгоҳ
Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотияш гуфта буд, Амриддин Аловатшоев дар ташкили издиҳоми ғайриқонунӣ айбдор мешавад.
Аловатшоеви 44-сола, зодаи Роштқалъа буда, аз роҳбарони зодагони ин ноҳия дар Русия муаррифӣ мешуд. Ӯ асосан дар Русия зиндагӣ ва ба гуфтаи наздиконаш, дар яке аз ширкатҳои муҳофизатӣ фаъолият мекард.
Амриддин Аловатшоевро аз ҷумлаи нафароне мегӯянд, ки дар пайи нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳозир шуд ва бо сафир дар Русия барои ҳалли қазия мулоқот анҷом доданд.
Лентаи хабарҳо
0