https://sputnik.tj/20220517/uzbekiston-bozsozii-furudgohi-mazori-sharifro-takmil-mekunad-1048510845.html
Ӯзбекистон бозсозии фурудгоҳи Мазори Шарифро такмил мекунад
Ӯзбекистон бозсозии фурудгоҳи Мазори Шарифро такмил мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Мудири маркази иттилоърасонии Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон гуфт, ки ин кишвар дар ҳоли такмилу бозсозии фурудгоҳ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон аст
2022-05-17T15:35+0500
2022-05-17T15:35+0500
2022-05-17T18:53+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
ӯзбекистон
фурудгоҳ
мазори шариф
бозсозӣ
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102788/14/1027881466_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_fa2944532c2e0174d61e740e2804c53b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Дониёр Қурбонов, мудири Маркази иттилоърасонӣ ва таҳлилии равобити байналмилалии назди Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон дар конфронсе дар бошгоҳи гуфтугӯи байналмилалии “Валдай” гуфт, мутахассисони кишвараш дар ҳоли такмили терминали фурудгоҳ дар Мазори Шариф ҳастанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Қаблан намояндаи Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон низ ба Sputnik хабар дода буд, ки фурудгоҳи Мазори Шариф ба истифода дода шуда ва то охири моҳи март мутахассисони ӯзбек онро комилан бозсозӣ хоҳанд кард.Моҳи октябри соли 2021 намояндаи вижаи раисиҷумҳури Ӯзбекистон дар умури Афғонистон Эсматуллоҳ Иргашев зимни мулоқот бо толибҳо дар вилояти Балхи шимоли Афғонистон ваъда дода буд, ки Ӯзбекистон дар бозсозии майдони ҳавоии Мазори Шариф кумак хоҳад кард.Баъдан Ӯзбекистон тиме аз мутахассисони фанниро барои кумак ба таъмир таҷҳизоти фурудгоҳ фиристонд.Ёдрас мекунем, чанде пеш мақомоти Ӯзбекистон эълон карда буданд, ки нигаҳдорӣ ва даромади роҳи оҳани Ҳайратон - Мазори Шарифро пурра ба ихтиёри Афғонистон вогузор мекунад.Тибқи созишномаи нав, ки бо дархости мақомоти Афғонистон имзо шудааст, аз аввали моҳи май тамоми масъулияти нигоҳдории роҳи оҳан, аз ҷумла нигоҳдорӣ, идора ва ҷамъоварии даромад ба ихтиёри Роҳи оҳани Афғонистон вогузор шудааст.Дар ҳоли ҳозир Афғонистон барои нигоҳдории роҳи оҳани Тирмиз тавассути гузаргоҳи марзии Ҳайратон то Мазори Шариф ҳамасола ба Ӯзбекистон 18 миллион доллар пардохт мекунад.
https://sputnik.tj/20220514/hushdori-abdulloh-abdulloh-jangi-dokhili-afghoniston-1048452422.html
афғонистон
ӯзбекистон
мазори шариф
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102788/14/1027881466_0:0:1065:799_1920x0_80_0_0_ca2642acdc244bd1bf16ea5320a65007.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, мазори шариф, фурудгоҳ, такмил, бозсозӣ, афғонистон, толибҳо
ӯзбекистон, мазори шариф, фурудгоҳ, такмил, бозсозӣ, афғонистон, толибҳо
Ӯзбекистон бозсозии фурудгоҳи Мазори Шарифро такмил мекунад
15:35 17.05.2022 (Навсозишуда: 18:53 17.05.2022) Мудири маркази иттилоърасонии Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон гуфт, ки ин кишвар дар ҳоли такмилу бозсозии фурудгоҳ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон аст
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Дониёр Қурбонов, мудири Маркази иттилоърасонӣ ва таҳлилии равобити байналмилалии назди Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон дар конфронсе дар бошгоҳи гуфтугӯи байналмилалии “Валдай” гуфт, мутахассисони кишвараш дар ҳоли такмили терминали фурудгоҳ дар Мазори Шариф ҳастанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Қаблан намояндаи Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон низ ба Sputnik хабар дода буд, ки фурудгоҳи Мазори Шариф ба истифода дода шуда ва то охири моҳи март мутахассисони ӯзбек онро комилан бозсозӣ хоҳанд кард.
Моҳи октябри соли 2021 намояндаи вижаи раисиҷумҳури Ӯзбекистон дар умури Афғонистон Эсматуллоҳ Иргашев зимни мулоқот бо толибҳо дар вилояти Балхи шимоли Афғонистон ваъда дода буд, ки Ӯзбекистон дар бозсозии майдони ҳавоии Мазори Шариф кумак хоҳад кард.
Баъдан Ӯзбекистон тиме аз мутахассисони фанниро барои кумак ба таъмир таҷҳизоти фурудгоҳ фиристонд.
Ёдрас мекунем, чанде пеш мақомоти Ӯзбекистон эълон карда буданд, ки нигаҳдорӣ ва даромади роҳи оҳани Ҳайратон - Мазори Шарифро пурра ба ихтиёри Афғонистон вогузор мекунад.
Тибқи созишномаи нав, ки бо дархости мақомоти Афғонистон имзо шудааст, аз аввали моҳи май тамоми масъулияти нигоҳдории роҳи оҳан, аз ҷумла нигоҳдорӣ, идора ва ҷамъоварии даромад ба ихтиёри Роҳи оҳани Афғонистон вогузор шудааст.
Дар ҳоли ҳозир Афғонистон барои нигоҳдории роҳи оҳани Тирмиз тавассути гузаргоҳи марзии Ҳайратон то Мазори Шариф ҳамасола ба Ӯзбекистон 18 миллион доллар пардохт мекунад.