https://sputnik.tj/20220426/qaror-hukumat-afzoish-tedod-zanon-rohbar-1047986683.html
Нақшаи ҳукумат барои афзоиши теъдоди занони роҳбар: чӣ қадар бояд бошанд?
Нақшаи ҳукумат барои афзоиши теъдоди занони роҳбар: чӣ қадар бояд бошанд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон интизор меравад, ки давоми 7 соли оянда теъдоди занон миёни хизматчиёни давлатӣ дар ҷумҳурӣ то ба 30% расонда шавад
2022-04-26T21:00+0500
2022-04-26T21:00+0500
2022-04-26T21:01+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
занон
роҳбар
хизмат
хизматчиёни давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102191/65/1021916540_128:144:2048:1224_1920x0_80_0_0_5be4c68990f326bbcfd0aceb78261be5.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ҷадиди давлатиро барои тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон қабул кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030"-ро қабул кард. Ин барнома аз ҷумлаи дастуроте буд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охираш ба парлумон таъкид карда буд. Дар доираи барномаи нав интизор меравад, ки то соли 2030 теъдоди занон миёни хидматчиёни давлатӣ ба 30% ва миёни кадрҳои роҳбарикунанда то 25% расонда шавад. Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран гуфт, ба ҳолати аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 701 хидматчии давлатии шаҳрвандӣ фаъолият мекунад. Ӯ гуфт, аз миёни хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 4 ҳазору 518 ё худ 24,1%-ро занон ташкил медиҳанд.Шумораи мақомдорони давлатӣ, ки дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият мекунанд, ба иттилои Давлатов, ба 5 ҳазору 764 нафар мерасад. Аз ин шумора 1 ҳазору 113 нафар зананд, ки 19,3 дарсади шумораи умумиро ташкил медиҳанд.Раиси Агентии хидмати давлати назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди занони роҳбар дар муқоиса бо соли пешӣ 15 нафар зиёд шудааст.
https://sputnik.tj/20220216/dehoti-shahri-mard-zan-tanosubi-aholi-tajikistan-1045930016.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102191/65/1021916540_236:90:1934:1363_1920x0_80_0_0_af62ec66a5d522ff92b4c6530f59c88b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қабул, барнома, давлатӣ, занон, роҳбар
қабул, барнома, давлатӣ, занон, роҳбар
Нақшаи ҳукумат барои афзоиши теъдоди занони роҳбар: чӣ қадар бояд бошанд?
21:00 26.04.2022 (Навсозишуда: 21:01 26.04.2022) Дар Тоҷикистон интизор меравад, ки тайи 7 соли оянда теъдоди занон миёни хидматчиёни давлатӣ дар ҷумҳурӣ то ба 30% расонда шавад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ҷадиди давлатиро барои тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон қабул кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030"-ро қабул кард.
Ин барнома аз ҷумлаи дастуроте буд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охираш ба парлумон таъкид карда буд.
Дар доираи барномаи нав интизор меравад, ки то соли 2030 теъдоди занон миёни хидматчиёни давлатӣ ба 30% ва миёни кадрҳои роҳбарикунанда то 25% расонда шавад.
Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран гуфт, ба ҳолати аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 701 хидматчии давлатии шаҳрвандӣ фаъолият мекунад. Ӯ гуфт, аз миёни хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 4 ҳазору 518 ё худ 24,1%-ро занон ташкил медиҳанд.
Шумораи мақомдорони давлатӣ, ки дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият мекунанд, ба иттилои Давлатов, ба 5 ҳазору 764 нафар мерасад. Аз ин шумора 1 ҳазору 113 нафар зананд, ки 19,3 дарсади шумораи умумиро ташкил медиҳанд.
Раиси Агентии хидмати давлати назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди занони роҳбар дар муқоиса бо соли пешӣ 15 нафар зиёд шудааст.