Пешниҳоди сабукӣ дар имтиҳонот барои муҳоҷирон дар Русия

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Обуна шудан
Интизор меравад, ки сабукиҳо дар имтиҳонот барои муҳоҷирон аз кишварҳое пешниҳод карда шаванд, ки бо Русия низоми бераводид доранд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар Русия пешниҳод шудааст, ки теъдоди имтиҳоноти ҳатмӣ барои муҳоҷирон муваққатан ихтисор карда шаванд.
Ташаббускори ин пешниҳод Вазорати маориф ва илми Русия мебошад. Ин ниҳод тарҳеро пешниҳод кардааст, ки шумораи имтиҳоноти ҳатмӣ барои муҳоҷирон аз кишварҳои бидуни раводид кам гарданд.
Аз ҷумла қисме аз хориҷиён метавонанд то охири соли 2022 зимни супоридани имтиҳонот барои гирифтани иҷозатномаи доимӣ ва ё муваққатии иқомат сабукӣ гиранд.
Қарори мазкур барои марҳилаи амалиёти низомии Русия дар Украина ва муҳлати амали таҳримҳо пешниҳод шудааст, тавзеҳ додаанд ташаббускорон.
Заместитель министра иностранных дел РФ Андрей Руденко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Руденко аз суди муҳоҷирон ба Русия гуфт: то 8%-и ММД-ро ташкил медиҳанд
Бар асоси тағйироти пешниҳодшуда дар қарори ҳукумат дар бораи тасдиқи талаботи ҳадди ақали дониш барои супоридани имтиҳоноти забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунии Русия, интизор меравад, қисмати хаттӣ лағв гардад.
Таъкид шудааст, ки муҳоҷирон аз кишварҳои бидуни раводид метавонанд имтиҳони хаттии забони русӣ ва инчунин таъриху асосҳои ҳуқуқи Русияро насупоранд.
Ягона банди ҳатмӣ барои муҳоҷирон аз кишварҳои бераводид имтиҳони шифоҳии забони русӣ хоҳад буд.
Ин тарҳ бар асоси дастури ноиби раиси Ҳукумати Русия Татяна Голикова пешниҳод карда шудааст.
Бидуни раводид ба Русия шаҳрвандони кишварҳои хориҷи наздик, аз ҷумла Тоҷикистон метавонанд ворид шаванд. Инчунин шаҳрвандони бархе кишварҳо аз қабили Куба, Ҳондурас, ИМА, Андора ва Колумбия метавонанд ба муҳлати аз 14 то 90 рӯз бе раводид вориди Русия шаванд.
Лентаи хабарҳо
0