Руденко аз суди муҳоҷирон ба Русия гуфт: то 8%-и ММД-ро ташкил медиҳанд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкЗаместитель министра иностранных дел РФ Андрей Руденко
Заместитель министра иностранных дел РФ Андрей Руденко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Обуна шудан
Бахшҳои иқтисоди Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамкории густурда пайванд мекунад, ки барои рушди ҳар ду тараф муфид мебошад
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Русия барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, ки хусусияти дутарафа дорад.
Ин нуқтаро Андрей Руденко, ноиби вазири умури хориҷии Русия дар конфронси дуюми Осиёи Марказии маҳфили мубоҳисавии "Валдай" изҳор дошт.

"Русия бузургтарин донор дар минтақа мебошад. Дар маҷмуъ тайи солҳои 2008-2012 бар кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳаҷми беш аз 6,2 млрд доллар кумак расонда шудааст", - афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи Руденко, дар қаламрави Русия ба таври доимӣ беш аз 4 млн шаҳрванди Осиёи Марказӣ иқомат доранд.
"Русия, воқеан, бозори бузург аст. На танҳо имкон медиҳаду мусоидат мекунад, балки ба ҳисоби бархе коршиносон, аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ҳудуди 8%-и маҷмуи маҳсулоти дохилии Русия ташаккул дода мешавад", - афзуд ӯ.
Ноиби вазир афзуд, ки маҳз ба ҳамин далел мусоидат миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хусусияти дутарафа дорад.
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Бештар фиристед: Русия низоми интиқоли пули муҳоҷирон ба хориҷро содда кард
Дипломат ҳамчунин хотиррасон намуд, ки Русия калонтарин сармоягузори кишварҳои минтақаи Осиёи миёна боқӣ мемонад.
"Дар маҷмуъ сармоягузории Русия дар минтақа тайи солҳои 2010 - 2021 ҳудуди 30,5 млрд долларро ташшкил медиҳад", - илова намуд ӯ.
Ба гуфтаи Руденко гардиши мол миёни Русия ва Осиёи Марказӣ дар соли 2021 бо вуҷуди мушкилоти ҷойдоштаи марбути пандемия ҳудуди 37 млрд долларро ташкил дод, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ 30% бештар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0