https://sputnik.tj/20220517/jangjuyon-azov-taslim-1048512931.html
Ҷангҷӯёни "Азов"* ба таври оммавӣ таслим мешаванд
Ҷангҷӯёни "Азов"* ба таври оммавӣ таслим мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар давоми шабонар=зи охир беш аз дусад ҷангҷӯи "Азовстал" ихтиёран силоҳҳои худро ба замин гузошта, ба нерӯҳои Русия таслим шуданд
2022-05-17T16:25+0500
2022-05-17T16:25+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
баталони "азов"
ҷангҷӯён
артиш
ҷмд
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047876100_0:0:3104:1747_1920x0_80_0_0_68d2820436da9fff64c63b2688c35fa1.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Таслимшавии ҷангҷӯёни "Азов"* ва низомиёни украинӣ, ки дар "Азовстал" -и Мариупол муҳосира шуда буданд, рӯзи 16 май оғоз ёфт. Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳар нафаре, ки ба ёрии тиббӣ ниёз дорад, ба бемористони Новоазовски Ҷумҳурии Мардумии Донетск фиристода шудааст. Илова бар ин, Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки музокироти Русия ва Украина қатъ шудааст, зеро Киев аз ин раванд даст кашидааст. Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Хуруҷи беш аз 180 мулкӣ аз "Азовстал"* Ҷангиёни "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
https://sputnik.tj/20220514/berbok-buhroni-ukraina-gurusnagii-margbor-1048454406.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047876100_375:0:3104:2047_1920x0_80_0_0_38d22acc5c4477abad831a718f07abb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёт, русия, украина, "азовстал"
амалиёт, русия, украина, "азовстал"
Ҷангҷӯёни "Азов"* ба таври оммавӣ таслим мешаванд
16:25 17.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Дар давоми шабонарӯзи охир беш аз дусад ҷангҷӯи "Азовстал" ихтиёран силоҳҳои худро ба замин гузошта, ба нерӯҳои Русия таслим шуданд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Таслимшавии ҷангҷӯёни "Азов"* ва низомиёни украинӣ, ки дар "Азовстал" -и Мариупол муҳосира шуда буданд, рӯзи 16 май оғоз ёфт.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар додааст.
"Дирӯз таслимшавии ҷангҷӯёни воҳиди миллатгароёни "Азов"* ва низомиёни украинӣ, ки дар корхонаи "Азовстал" дар Мариупол муҳосира шуда буданд, оғоз шуд. Дар як рӯзи охир 265 ҷангҷӯ силоҳ ба замин гузошта, таслим шуданд, аз ҷумла 51 нафар ҷароҳатҳои вазнин доранд", — гуфт генерал.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар нафаре, ки ба ёрии тиббӣ ниёз дорад, ба бемористони Новоазовски Ҷумҳурии Мардумии Донетск фиристода шудааст.
Илова бар ин, Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки музокироти Русия ва Украина қатъ шудааст, зеро Киев аз ин раванд даст кашидааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
* Ҷангиёни "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.