https://sputnik.tj/20220517/hayat-turkiya-tojikiston-bozdid-1048506837.html
Ҳайати бузурги тиҷоратии Туркия аз Тоҷикистон боздид мекунад
Ҳайати бузурги тиҷоратии Туркия аз Тоҷикистон боздид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба тоҷирони Туркия имконоти сармоягузории Тоҷикистон, Кодекси андоз дар таҳрири нав ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, муаррифӣ мешаванд
2022-05-17T14:00+0500
2022-05-17T14:00+0500
2022-05-17T20:24+0500
туркия
дар тоҷикистон
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
сармоягузорӣ
тиҷорат
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102280/69/1022806910_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_8cc9362faba737aed370aba22407ba72.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҳайати 30-нафарии тиҷоратии Туркия таҳти роҳбарии муовинони вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Алӣ Дюнмез ва Ҳасан Бюкдеди аз Тоҷикистон боздид мекунанд.Ин сафар дар доираи тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия рӯзҳои 19-21 май сурат мегирад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.Интизор меравад, ки дар Душанбе бо ширкати ҳайати тиҷоратии Туркия ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон вохӯрии B2B доир гардад.Дар чорчӯби ин дидор имконоти сармоягузории Тоҷикистон, Кодекси андози кишвар дар таҳрири нав ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар рӯнамоӣ мешаванд.Ҳамзамон ҳайати тиҷоратии Туркия бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, аз қабили вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот роҳҳои тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ хоҳад шуд.Созиши Тоҷикистон бо Туркия барои ҳамкории низомӣҲайати тиҷоратии Туркия инчунин аз нерӯгоҳи барқи обии "Норак", корхонаҳои "Ширкати алюминийи тоҷик", "Акиа Авесто Автоматив Индастри", "Coca- Cola Tajikistan", "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстайл" боздид менамояд.Ҳамчунин соҳибкорони турк бо майдони пахта дар Данғара, Минтақаи саноатии Душанбе, Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" ошно хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20220503/erdughon-tojikiston-bozdid-1048156715.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102280/69/1022806910_169:0:890:541_1920x0_80_0_0_556a22f0c77b5dd54b06ec5e2e1703b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, тиҷорат, дидору мулоқот, ҳайати тиҷорӣ,
тоҷикистон, туркия, тиҷорат, дидору мулоқот, ҳайати тиҷорӣ,
Ҳайати бузурги тиҷоратии Туркия аз Тоҷикистон боздид мекунад
14:00 17.05.2022 (Навсозишуда: 20:24 17.05.2022) Ба тоҷирони Туркия имконоти сармоягузории Тоҷикистон, Кодекси андоз дар таҳрири нав ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар муаррифӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҳайати 30-нафарии тиҷоратии Туркия таҳти роҳбарии муовинони вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Алӣ Дюнмез ва Ҳасан Бюкдеди аз Тоҷикистон боздид мекунанд.
Ин сафар дар доираи тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия рӯзҳои 19-21 май сурат мегирад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Интизор меравад, ки дар Душанбе бо ширкати ҳайати тиҷоратии Туркия ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон вохӯрии B2B доир гардад.
Дар чорчӯби ин дидор имконоти сармоягузории Тоҷикистон, Кодекси андози кишвар дар таҳрири нав ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар рӯнамоӣ мешаванд.
Ҳамзамон ҳайати тиҷоратии Туркия бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, аз қабили вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот роҳҳои тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳайати тиҷоратии Туркия инчунин аз нерӯгоҳи барқи обии "Норак", корхонаҳои "Ширкати алюминийи тоҷик", "Акиа Авесто Автоматив Индастри", "Coca- Cola Tajikistan", "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстайл" боздид менамояд.
Ҳамчунин соҳибкорони турк бо майдони пахта дар Данғара, Минтақаи саноатии Душанбе, Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" ошно хоҳанд шуд.