https://sputnik.tj/20220503/erdughon-tojikiston-bozdid-1048156715.html
Эрдуғон аз Тоҷикистон боздид мекунад
Эрдуғон аз Тоҷикистон боздид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Замони сафари президенти Туркия ба Тоҷикистон ҳоло маълум нест, муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд
2022-05-03T18:40+0500
2022-05-03T18:40+0500
2022-05-04T20:50+0500
эмомалӣ раҳмон
раҷаб тайиб эрдуғон
дар тоҷикистон
боздид
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042166620_0:0:2947:1659_1920x0_80_0_0_5029249f1e237399b21f487b8e39b1c1.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард. Дар ин бора зимни суҳбати телефонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон мувофиқа шудааст.Бино ба гузориши котиботи президенти Тоҷикистон, дар оғози суҳбат раҳбарони ду кишвар ба муносибати Иди саиди Фитр якдигарро табрик гуфтаанд. Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Туркия некӯаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу намудаастДар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шудааст. Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор кардаанд.Созиши Тоҷикистон бо Туркия барои ҳамкории низомӣДар поёни суҳбати телефонӣ, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон даъват кардааст, ки бо сафарӣ расмӣ ба Тоҷикистон ояд.Дар ин росто мувофиқа шудааст, ки муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042166620_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_51c7d2e959937578d14f55f175fcb21d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раҷаб тайиб эрдуғон, туркия, тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон, раҷаб тайиб эрдуғон, туркия, тоҷикистон
Эрдуғон аз Тоҷикистон боздид мекунад
18:40 03.05.2022 (Навсозишуда: 20:50 04.05.2022) Замони сафари президенти Туркия ба Тоҷикистон ҳоло маълум нест, муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.
Дар ин бора зимни суҳбати телефонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон мувофиқа шудааст.
Бино ба гузориши котиботи президенти Тоҷикистон, дар оғози суҳбат раҳбарони ду кишвар ба муносибати Иди саиди Фитр якдигарро табрик гуфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Туркия некӯаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу намудааст
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шудааст.
"Ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, арсаи амниятӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ иброз доштанд", - омадааст дар хабарнома.
Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор кардаанд.
Дар поёни суҳбати телефонӣ, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон даъват кардааст, ки бо сафарӣ расмӣ ба Тоҷикистон ояд.
Дар ин росто мувофиқа шудааст, ки муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд.