https://sputnik.tj/20220516/saad-vohidi-navi-mudofiavi-tashkil-mekunad-1048475113.html
СААД воҳиди нави мудофиавӣ ташкил мекунад
СААД воҳиди нави мудофиавӣ ташкил мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи ошкор шудани бархе далелҳо зимни амалиёти низомии Русия дар Украина дар сохтори Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ воҳиди нав ташкил мегардад
2022-05-16T10:20+0500
2022-05-16T10:20+0500
2022-05-16T11:40+0500
саад
низомӣ
амният ва мудофиа
белорус
таҳдиди биологӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102705/30/1027053026_0:0:2953:1662_1920x0_80_0_0_91807f4f6ef6a2bccb8f7f6d5e820a48.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Воҳиди ҷадид дар сохтори Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ то охири соли равон ташкил хоҳад шуд, хабар дод Виктор Хренин, вазири мудофиаи Беларус. Ӯ дар суҳбат бо рӯзномаи низомии "Во славу Родины" изҳор доштааст, ки воҳиди ҷадид мудофиаи радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологиро фаро хоҳад гирифт. Хренин зикр намудааст, ки зимни амалиёти низомии Русия дар Украина пажуҳишгоҳҳои биологӣ ошкор шуда, далелҳои раднопазир ба даст омадаанд. Вазири дифои Белорус ҳамчунин пешгӯӣ намудааст, ки СААД густариш хоҳад ёфт ва теъдоди аъзои он ба даҳҳо давлат хоҳад расид. Феълан СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақаӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.
https://sputnik.tj/20220515/volodin-zokirzoda-saad-amniyat-istiqlol-1048465351.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102705/30/1027053026_105:0:2836:2048_1920x0_80_0_0_b1c4386f16be76906e2d50f617f09b58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ташкил, сохтор, нав, саад
ташкил, сохтор, нав, саад
СААД воҳиди нави мудофиавӣ ташкил мекунад
10:20 16.05.2022 (Навсозишуда: 11:40 16.05.2022) Дар пайи ошкор шудани бархе далелҳо зимни амалиёти низомии Русия дар Украина дар сохтори Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ воҳиди нав ташкил мегардад
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Воҳиди ҷадид дар сохтори Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ то охири соли равон ташкил хоҳад шуд, хабар дод Виктор Хренин, вазири мудофиаи Беларус.
Ӯ дар суҳбат бо рӯзномаи низомии "Во славу Родины" изҳор доштааст, ки воҳиди ҷадид мудофиаи радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологиро фаро хоҳад гирифт.
Хренин зикр намудааст, ки зимни амалиёти низомии Русия дар Украина пажуҳишгоҳҳои биологӣ ошкор шуда, далелҳои раднопазир ба даст омадаанд.
"Самтҳои нави рушди созмон истодагарӣ дар баробари хатарҳои биологӣ мебошад. Дар зимн то охири сол воҳиди мудофиаи радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологӣ ташкил мешавад", - афзуд ӯ.
Вазири дифои Белорус ҳамчунин пешгӯӣ намудааст, ки СААД густариш хоҳад ёфт ва теъдоди аъзои он ба даҳҳо давлат хоҳад расид.
Феълан СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақаӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.