Паёми Володин ба Зокирзода: СААД кафили амнияту дахлнопазирии аъзояш аст

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатии Русия бо ирсоли паём ба раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро шодбош гуфтааст
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро бо 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ табрик кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Думаи давлатӣ, паёми шодбошии Володин ҳамчунин ба роҳбарони парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ирсол гардид.
Раиси парлумони Русия дар паёмаш ба ҳамтоён аз кишварҳои дигари узви СААД таъкид намудаст, ки ин созмон самаранокияшро чун кафили амнияти минтақавӣ ва ҳифзи истиқлолу дахлнопазирии давлатҳои узв собит кардаст.
"СААД такягоҳи қавлӣ алайҳи хатарҳо, аз қабили терроризми байналимлалӣ ва экстремизм мебошад. Ҳамчунин дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, қочоқи силоҳу мухаддирот ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ саҳми калон дорад", - омадааст дар паём.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Раҳмон аз Маскав боздид мекунад
Вай ҳамчунин аз таҳкими иқтидори муштараки низомӣ зикр карда, кори нерӯҳои СААД дар Қазоқистонро тавсиф намудаст.
"Фаврият ва ҳамоҳангии хуби нерӯҳои посдори сулҳи СААД барои мусоидат ба Қазоқистон дар муътадил кардани вазъ тасдиқи комил будани ин созмон шуданд", - афзуд раиси Дума.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақавӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.
Феълан СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0