Мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Кремл

© Фото : КремльВстреча Владимира Путина и Эмомали Рахмона
Встреча Владимира Путина и Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД вориди шаҳри Маскав шуд, бо роҳбари Русия дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав вазъи минтақаро баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст РИА "Новости".
Путин дар дидор бо Раҳмон гуфт, ки вазъ дар минтақа мушкил боқӣ мемонад.
Ҳамзамон дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон мехоҳад шароити таҷҳизи муосири артиши кишварро баррасӣ намояд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон прилетел в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Эмомалӣ Раҳмон вориди Маскав шуд
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки 16 май дар Маскав баргузор мешавад, вориди пойтахти Русия шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян барои ширкат дар ҳамоиши солонаи СПАД, ки ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД баргузор мешавад, вориди Маскав шуд.
Лентаи хабарҳо
0