https://sputnik.tj/20220516/putin-osiyoi-markazi-hassos-guft-1048486584.html
Раисҷумҳури Русия вазъ дар Осиёи Марказиро ҳассос гуфт
Раисҷумҳури Русия вазъ дар Осиёи Марказиро ҳассос гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар дидор бо ҳамтои токикаш, ки барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД ба Маскав рафтааст, вазъи минтақаро баррасӣ кард
2022-05-16T15:45+0500
2022-05-16T15:45+0500
2022-05-16T15:45+0500
дар тоҷикистон
дар русия
вазъ
осиёи марказӣ
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
амният ва мудофиа
спад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/10/1048486250_0:0:2964:1668_1920x0_80_0_0_2309f46a10cf5dfbea1539498388c28e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки вазъи минтақа ҳассос аст.Ҳамзамон раисҷумҳури Русия гуфт, назари Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи таҳкими амнияти минтақа барояш муҳим мебошад.Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки 16 май дар Маскав баргузор мешавад, вориди пойтахти Русия шуд.Раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян барои ширкат дар ҳамоиши солонаи СПАД, ки ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД баргузор мешавад, вориди Маскав шуд.
https://sputnik.tj/20220516/putin-rahmon-ba-huzur-paziruft-1048485252.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/10/1048486250_0:0:2608:1956_1920x0_80_0_0_2b84ea153f4517b882767771038bbe40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, мулоқот, владимир путин, эмомоалӣ раҳмон, вазъ, минтақа, ҳассос, нишаст, спад
тоҷикистон, русия, мулоқот, владимир путин, эмомоалӣ раҳмон, вазъ, минтақа, ҳассос, нишаст, спад
Раисҷумҳури Русия вазъ дар Осиёи Марказиро ҳассос гуфт
Раисҷумҳури Русия дар дидор бо ҳамтои тоҷикаш, ки барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД ба Маскав рафтааст, вазъи минтақаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки вазъи минтақа ҳассос аст.
Ҳамзамон раисҷумҳури Русия гуфт, назари Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи таҳкими амнияти минтақа барояш муҳим мебошад.
“Албатта, мо бо Шумо баназдикӣ дар суҳбати телефонӣ вазъи минтақаро баррасӣ карда будем. Вазъи минтақа мушкил боқӣ мемонад ва барои ман муҳим аст, назари шуморо дар ин бора шунавам, то амниятро дар ин самт дар ояндаи наздик боз ҳам таҳким бахшем”, - гуфт Путин.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки 16 май дар Маскав баргузор мешавад, вориди пойтахти Русия шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян барои ширкат дар ҳамоиши солонаи СПАД, ки ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД баргузор мешавад, вориди Маскав шуд.