Путин ба афзоиши гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон ишора кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ
Президент РФ В. Путин принял участие в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Кишвардори Русия дар дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки гардиши коло миёни Маскав ва Душанбе беш аз 70 дарсад афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Русия шарики аслии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва дар се моҳи аввали соли 2022 табодули коло миёни ин кишварҳо беш аз 70 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Владимир Путин, президенти Русия зимни мулоқот бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод.

"Ман хеле хушҳолам, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Соли гузашта ҳаҷми муомилоти молии мо хеле ҷиддӣ - қариб 45% афзоиш ёфт. Имсол бошад, дар се моҳи аввал он ба беш аз 70% расид", - гуфт Путин.

Роҳбари Русия афзуд, ки равобити ду кишвар мавриди ниёз ҳастанд ва фаъолона рушд мекунанд.
Встреча Владимира Путина и Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Кремл
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян барои ширкат дар ҳамоиши солонаи СААД, ки ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД баргузор мешавад, вориди Маскав шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0