https://sputnik.tj/20220512/ishqobod-mizbon-mukolama-zanon-om-rusiya-1048381223.html
Ишқобод мизбони ҳамоиши занони Осиёи Марказӣ ва Русия мешавад
Ишқобод мизбони ҳамоиши занони Осиёи Марказӣ ва Русия мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Инчунин, дар ин ҷумҳурӣ форуми қонунгузорон дар доираи муколамаи бисёрҷонибаи байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия баргузор мегардад
2022-05-12T11:33+0500
2022-05-12T11:33+0500
2022-05-12T13:10+0500
осиёи марказӣ
дар русия
туркманистон
сиёсат
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102640/43/1026404329_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b20d1005c3beb187f5f2037f0cd0d7d0.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар пойтахти Туркманистон Анҷумани байнипарлумонӣ ва муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор мешавад. Рӯзҳои 12-13 май ду форуми қонунгузорон ва занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор мешавад. Ин чорабиниҳо бо ташаббуси раисҷумҳури собиқи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор мешаванд. Ба бовари коршиносон, ташкили муколамаи мустақими бисёрҷонибаи байнипарлумонӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия барои густариши ҳамкориҳо дар ин шакл дурнамои бузургро боз мекунад.Ин махсусан ба масъалаҳои таъмини сулҳ, тараққиёти устувор ва ҳалли мушкилиҳои муҳимтарини иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ дахл дорад. Солҳои охир чунин формати гуфтушунид, монанди "Муколамаи занон" самарабахшии худро нишон дод. Ин платформаи нави машваратии ғайрирасмӣ қобилиятҳои худро дар соли 2021 дар ҳошияи ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза" ба таври рӯшан намоиш дод.Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бо ҳадафи мусоидат ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ, таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмии байни мардум, дастгирии талошҳои ҳукуматҳо барои пешбурди баробарии гендерӣ, тавонмандсозии занон дар Осиёи Марказӣ ва Русия пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ки дар Анҷумани байнипарлумонӣ ва Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия масоили тақвияти нақши парлумонҳои миллӣ ва созмонҳои занон дар ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир баррасӣ шавад.
https://sputnik.tj/20220508/talosh-afzoish-zanoni-rohbar-vmkb-1048289935.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102640/43/1026404329_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_ac6f49eeca30ee08ad8ea810870004c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ишқобод муколамаи занони ом русия
ишқобод муколамаи занони ом русия
Ишқобод мизбони ҳамоиши занони Осиёи Марказӣ ва Русия мешавад
11:33 12.05.2022 (Навсозишуда: 13:10 12.05.2022) Инчунин дар ин ҷумҳурӣ форуми қонунгузорон дар доираи муколамаи бисёрҷонибаи байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар пойтахти Туркманистон Анҷумани байнипарлумонӣ ва муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор мешавад.
Рӯзҳои 12-13 май ду форуми қонунгузорон ва занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор мешавад. Ин чорабиниҳо бо ташаббуси раисҷумҳури собиқи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор мешаванд.
Ба бовари коршиносон, ташкили муколамаи мустақими бисёрҷонибаи байнипарлумонӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия барои густариши ҳамкориҳо дар ин шакл дурнамои бузургро боз мекунад.
Ин махсусан ба масъалаҳои таъмини сулҳ, тараққиёти устувор ва ҳалли мушкилиҳои муҳимтарини иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ дахл дорад.
Солҳои охир чунин формати гуфтушунид, монанди "Муколамаи занон" самарабахшии худро нишон дод.
Ин платформаи нави машваратии ғайрирасмӣ қобилиятҳои худро дар соли 2021 дар ҳошияи ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза" ба таври рӯшан намоиш дод.
Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бо ҳадафи мусоидат ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ, таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмии байни мардум, дастгирии талошҳои ҳукуматҳо барои пешбурди баробарии гендерӣ, тавонмандсозии занон дар Осиёи Марказӣ ва Русия пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, ки дар Анҷумани байнипарлумонӣ ва Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия масоили тақвияти нақши парлумонҳои миллӣ ва созмонҳои занон дар ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир баррасӣ шавад.