Имзои ёддошти тафоҳум миёни ширкати “TBA AlShatri”-и Миср ва МОИ “Кӯлоб”

© Пресс-служба ТПП РТПодписание меморандума между Таджикистаном и Египтом
Подписание меморандума между Таджикистаном и Египтом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
МОИ “Кӯлоб” ва ширкати мисрии “TBA AlShatri” дар соҳаи хизматрасонии авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Миср миёни МОИ “Кӯлоб” ва ширкати “TBA AlShatri”-и Миср дар бораи таъсиси корхонаи муштарак дар соҳаи хизматрасонии авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Манбаъ зикр кардааст, ки пас аз имзои санадҳо миёни соҳибкорон ва сармоягузорони ду кишвар мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.
Ёдрас мешавем, ки анҷумани тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби сафари сармоягузорон ва соҳибкорони Миср ба Тоҷикистон баргузор гардид.
Встреча главы НБТ с предпринимателями Египта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Миср тасмим дорад, ба бозории бонкии Тоҷикистон ворид шавад
Дар он беш аз 30 соҳибкор аз Тоҷикистон ва беш аз 10 намояндаи ширкатҳои мисрӣ дар бахшҳои авиатсия, энергетика, сайёҳӣ, дорусозӣ ва ғайра ширкат доштанд.
Ба меҳмонони мисрӣ имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва ба соҳибкорони Тоҷикистон имконоти сармоягузории Миср пешкаш карда шуданд.
Гуфта шудааст, ки тавофуқи сарони ду давлат, ки моҳи марти соли равон ба даст омада буд, тадриҷан амалӣ карда мешавад.
Ташаббускорони анҷумани соҳибкорон Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буданд.
Лентаи хабарҳо
0