Русия муносибот бо 5 давлатро афзал хонд: Тоҷикистон дар ин феҳраст аст

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗдание Министерства иностранных дел РФ
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия дар 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вазъи феълӣ ва дурнамои кори онро тавзеҳ додааст
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Таҳкими муносибот бо кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ самти афзалиятдори сиёсати хориҷии Русия мебошад.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри як изҳорот хабар додааст. Дар ин изҳорот, ки бахшида ба 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД нашр гардидааст, аз боз будани дарҳои созмон барои кишварҳои нав гуфта шудааст.
"Яке аз тасмимҳои калидии давлатҳои узв, кушодани СААД барои ҳамкорӣ бо кишвару созмонҳои байналмилалӣ мебошад, ки арзишҳои созмонро эътироф мекунанд. Соли 2021 мақомҳои нозиру шарики СААД ташкил гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Паёми Володин ба Зокирзода: СААД кафили амнияту дахлнопазирии аъзояш аст
Инчунин аз талошҳои муштараки кишварҳои узв барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар чолишҳои муосир тавсиф карда шудаст.
Таъкид гардидаст, ки иттифоқчиён мавқеъгирии худро дар масоили амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамоҳанг мекунанд.
"Ҳадафи СААД мусоидат барои ташкили тартиботи демократӣ ва боадолати ҷаҳонӣ мебошад, ки ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ асос ёфтааст", - таъкид намуд ВУХ Русия.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақавӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.
Феълан СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0