https://sputnik.tj/20220515/zakharova-piruzi-ukraina-evrovidenie-1048468555.html
Захарова дар бораи пирӯзии Украина дар "Евровидение" гуфт
Захарова дар бораи пирӯзии Украина дар "Евровидение" гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Озмуни Евровидение шаби якшанбе дар шаҳри Турини Итолиё баргузор шуд. "Daily Mail" менависад, шаҳрвандони Британия озмуни "Евровидение"-ро танқид кардаанд. 15.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-15T16:55+0500
2022-05-15T16:55+0500
2022-05-16T14:56+0500
дар русия
мария захарова
евровидение
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046938706_0:327:3057:2047_1920x0_80_0_0_d716176577816e4628cfcfd7bb8434b6.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар шабакаи "Телеграм"-и худ навишт, пирӯзии Украина дар Евровидение "тасвири он чӣ бо ин кишвар рух додааст"-ро пурра мекунад. Бар асоси натоиҷи умумии овоздиҳии тамошобинон ва ҳайати ҳакамон, Kalush Orchestra 631 хол гирифта, пирӯзӣ ба даст овард.Сарояндаҳои украинӣ аз ҳисоби овоздиҳии тамошобинон ҷойи якумро аз худ карданд, ҳарчанд аъзоёни ҳакамон афзалиятро ба намояндагон аз Британия дода буданд.Тибқи маълумоте, ки дар "Daily Mail" нашр шудааст, шаҳрвандони Британия натиҷаҳои озмуни "Евровидение - 2022"-ро танқид кардаанд. Вале аксари онҳо натоиҷи ин озмунро пешбинишаванда номиданд ва пешниҳод карданд, ки акнун Украина дар ҳама гуна озмун аввалин мешавад. Ёдовар мешавем, ки созмондиҳандагони "Евровидение" Русияро аз ширкат дар озмуни соли 2022 хориҷ карданд. Дар охири моҳи феврал "Шабакаи якум", ВГТРК ва Хонаи Радиои Останкино дар як изҳороти муштарак аз хуруҷи худ аз Иттиҳодияи телевизионҳои Аврупо хабар доданд. Онҳо таъкид карданд, ки аз озмун хориҷ шудани Федератсияи Русия "қурбонии сиёсии номуносиб дар як ҳамоиши мусиқӣ аст, ки ҳамеша ба мақоми ғайрисиёсии он таъкид мекард".
https://sputnik.tj/20220427/rusiya-sozmon-jahoni-gardishgari-khuruj-vukh-tayid-1048019214.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/14/1046938706_204:0:2933:2047_1920x0_80_0_0_62ea6e908095deb1bd4e530e939426e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, мария захарова, евровидение, украина, сиёсат
дар русия, мария захарова, евровидение, украина, сиёсат
Захарова дар бораи пирӯзии Украина дар "Евровидение" гуфт
16:55 15.05.2022 (Навсозишуда: 14:56 16.05.2022) Озмуни Евровидение шаби якшанбе дар шаҳри Турини Итолиё баргузор шуд. "Daily Mail" менависад, шаҳрвандони Британия озмуни "Евровидение"-ро танқид кардаанд.
ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар шабакаи "Телеграм"-и худ навишт, пирӯзии Украина дар Евровидение "тасвири он чӣ бо ин кишвар рух додааст"-ро пурра мекунад.
"Розӣ ҳастед, ки бидуни пирӯзии Украина дар "Евровидение", тасвири он чӣ бо ин кишвар рух додааст, нопурра аст. Либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ, ду "Баба-Яга" дар сатр, брейк рақс ва сурудҳо дар бораи "Азовстал", - тавзеҳ додааст ӯ.
Бар асоси натоиҷи умумии овоздиҳии тамошобинон ва ҳайати ҳакамон, Kalush Orchestra 631 хол гирифта, пирӯзӣ ба даст овард.
Сарояндаҳои украинӣ аз ҳисоби овоздиҳии тамошобинон ҷойи якумро аз худ карданд, ҳарчанд аъзоёни ҳакамон афзалиятро ба намояндагон аз Британия дода буданд.
Тибқи маълумоте, ки дар "Daily Mail" нашр шудааст, шаҳрвандони Британия натиҷаҳои озмуни "Евровидение - 2022"-ро танқид кардаанд.
Вале аксари онҳо натоиҷи ин озмунро пешбинишаванда номиданд ва пешниҳод карданд, ки акнун Украина дар ҳама гуна озмун аввалин мешавад.
Ёдовар мешавем, ки созмондиҳандагони "Евровидение" Русияро аз ширкат дар озмуни соли 2022 хориҷ карданд. Дар охири моҳи феврал "Шабакаи якум", ВГТРК ва Хонаи Радиои Останкино дар як изҳороти муштарак аз хуруҷи худ аз Иттиҳодияи телевизионҳои Аврупо хабар доданд.
Онҳо таъкид карданд, ки аз озмун хориҷ шудани Федератсияи Русия "қурбонии сиёсии номуносиб дар як ҳамоиши мусиқӣ аст, ки ҳамеша ба мақоми ғайрисиёсии он таъкид мекард".