Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Намояндаи Қрим хостори пайвастшавии минтақаҳои Украина ба Русия шуд

© Sputnik Георгий Мурадов
Георгий Мурадов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Обуна шудан
Бар асоси қонунгузорӣ, минтақаҳои озодшуда нахуст бояд барои берун шудан аз ҳайати Украина қарор қабул кунанд ва сипас ба Русия пайванданд
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Вилоятҳои озодшудаи Украинаро зарур аст, ки қарори пайвастшавӣ ба Русияро бигиранд, изҳор доштаст намояндаи доимпии Қрим дар назди раисиҷумҳури ФР, Георгий Мурадов.
Вай аз қавли мутахассисони қонунгузорӣ, изҳор доштаст, ки барои минтақаҳо озодшуда баъди эълони беруншавӣ аз Украина ва мустақилият, роҳ барои пайвастшавӣ ба Русия боз мегардад.
Намояндаи доимӣ таъкид кард, ки Қрим низ чунин роҳи пайвастшавӣ бо Русияро тай кардааст. Дар зимн Мурадов изҳор доштаст, ки то анҷоми амалиёти низомӣ дар Украина барои баргузории раъйпурсӣ дар мавриди ҷудошавию пайвастшавӣ барвақт аст.
"Бо вуҷуди ин, мумкин аст тасмимҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла тасмимҳои муваққатӣ қабул шаванд, ки имкони равобити иттифоқӣ бо Русияро боз мекунанд. Ба ҳар ҳол, ҳама чиз ба иродаи мардум вобаста аст. Мардум бояд бо роҳи худ бираванд,", - гуфт Мурадов.
 Новобранцы батальона Азов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Ҷангиёни "Азов"* қасди ҳамла ба марзи Русияро доштанд
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои Русия тамоми вилояти Херсон ва қисмати назди Азови вилояти Запорожро зери назорат гирифтанд. Дар ин минтақаҳо раёсатҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Ба ҳамин васила Украина аз баҳри Азов канда шуда, ҳудудҳои Херсону Запорож бо Ҷумҳурии Халқии Донетск пайванд гардиданд.
Андрей Турчак, котиби Шӯрои кулли ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" гуфт, Русия ба ин минтақа барои ҳамеша омад ва мақоми онро сокинонаш муайян хоҳад кард. Дар навбати худ роҳбари минтақа Владимир Салдо гуфт, вилоят аллакай қисми ҷудонашаванди Русия мебошад.
Лентаи хабарҳо
0