https://sputnik.tj/20220515/kucha-nur-sulton-nom-prezident-favtida-amorat-1048472831.html
Кӯчаи Нурсултон номи президенти фавтидаи Аморатро мегирад
Кӯчаи Нурсултон номи президенти фавтидаи Аморатро мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти тозаинтихоби Иморати Муттаҳидаи Арабӣ ба раисҷумҳури Қазоқистон барои номгузорӣ кардани яке аз кӯчаҳои Нурсултон ба номи Шайх Халифа изҳори сипос... 15.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-15T21:00+0500
2022-05-15T21:00+0500
2022-05-16T14:34+0500
қазоқистон
кӯча
аморати муттаҳидаи араб
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0f/1048471005_0:0:1594:898_1920x0_80_0_0_693b6a2c256e146fcc5229676d0668dc.png
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Яке аз кӯчаҳои пойтахти Қазоқистон ба номи раисҷумҳури фавтидаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳаён гузошта мешавад. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзи якшанбе барои изҳори тасаллият ба раисҷумҳури тозаинтихобшуда, ҳокими Абузабӣ Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳаён ба ИМА сафар кард."Президенти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба раҳбари Қазоқистон барои сафар ва дастгирии шахсӣ дар ин лаҳзаи душвор изҳори сипос кард ва инчунин барои он ки ба як кӯчаи пойтахти Қазоқистон номи Шайх Халифа гузошта мешавад, самимона изҳори сипос кард", - омадааст дар хабари "Акорда".Дар ҳамин ҳол котиби матбуотии сарвари ин давлат Руслан Желдибай дар сафҳаи иҷтимоии худ дар бораи ҳимояти Шайх Халифа аз Қазоқистон нақл кард.Ба таъкиди ӯ, Шайх Халифа, ки дӯсти бузурги Қазоқистон буд, ташаббусу лоиҳаҳои ҷониби ин кишварро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ мекард ва эҳтиром мегузошт. Ӯ гуфт, 13 миллион доллар барои сохтмони мактаб дар Нурсултон, 25,5 миллион доллар барои маркази перинаталӣ дар Чимкент, инчунин 22 миллион доллар барои таҷдиди шоҳроҳи Қарағанда - Нурсултон ихтисос дода буд.Ҳаҷми сармоягузории мустақим аз Аморот ба Қазоқистон дар солҳои 2005-2021 2,6 миллиард долларро ташкил додааст. То имрӯз дар Қазоқистон 276 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи ИМА фаъолият мекунад.
https://sputnik.tj/20220515/mirziyoev-vido-prezident-amorati-arab-raft-1048468104.html
қазоқистон
аморати муттаҳидаи араб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0f/1048471005_25:0:1594:1177_1920x0_80_0_0_d11a971c03f1a800059f515860372e4e.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, кӯча, аморати муттаҳидаи араб, сиёсат
қазоқистон, кӯча, аморати муттаҳидаи араб, сиёсат
Кӯчаи Нурсултон номи президенти фавтидаи Аморатро мегирад
21:00 15.05.2022 (Навсозишуда: 14:34 16.05.2022) Президенти тозаинтихоби Иморати Муттаҳидаи Арабӣ ба раисҷумҳури Қазоқистон барои номгузорӣ кардани яке аз кӯчаҳои Нурсултон ба номи Шайх Халифа изҳори сипос гуфт
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Яке аз кӯчаҳои пойтахти Қазоқистон ба номи раисҷумҳури фавтидаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳаён гузошта мешавад.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзи якшанбе барои изҳори тасаллият ба раисҷумҳури тозаинтихобшуда, ҳокими Абузабӣ Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳаён ба ИМА сафар кард.
"Президенти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба раҳбари Қазоқистон барои сафар ва дастгирии шахсӣ дар ин лаҳзаи душвор изҳори сипос кард ва инчунин барои он ки ба як кӯчаи пойтахти Қазоқистон номи Шайх Халифа гузошта мешавад, самимона изҳори сипос кард", - омадааст дар хабари "Акорда".
Дар ҳамин ҳол котиби матбуотии сарвари ин давлат Руслан Желдибай дар сафҳаи иҷтимоии худ дар бораи ҳимояти Шайх Халифа аз Қазоқистон нақл кард.
Ба таъкиди ӯ, Шайх Халифа, ки дӯсти бузурги Қазоқистон буд, ташаббусу лоиҳаҳои ҷониби ин кишварро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ мекард ва эҳтиром мегузошт.
Ӯ гуфт, 13 миллион доллар барои сохтмони мактаб дар Нурсултон, 25,5 миллион доллар барои маркази перинаталӣ дар Чимкент, инчунин 22 миллион доллар барои таҷдиди шоҳроҳи Қарағанда - Нурсултон ихтисос дода буд.
Ҳаҷми сармоягузории мустақим аз Аморот ба Қазоқистон дар солҳои 2005-2021 2,6 миллиард долларро ташкил додааст. То имрӯз дар Қазоқистон 276 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи ИМА фаъолият мекунад.