https://sputnik.tj/20220515/mirziyoev-vido-prezident-amorati-arab-raft-1048468104.html
Мирзиёев барои видоъ бо президент ба Аморати Араб рафт: Раҳмон чӣ
Мирзиёев барои видоъ бо президент ба Аморати Араб рафт: Раҳмон чӣ
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Ӯзбекистон ба хотири иштирок дар маъракаҳои мотамӣ дар робита ба фавти Халифа бин Зоид Оли Наҳён, ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар кард
2022-05-15T16:23+0500
2022-05-15T16:23+0500
2022-05-15T16:29+0500
ӯзбекистон
ама
шавкат мирзиёев
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042308343_0:106:2047:1257_1920x0_80_0_0_a0f1fbbb7b5633ace17164f1412d2e59.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба АМА сафар кард.Котиботи президенти Ӯзбекистон дар шарҳи сафари Мирзиёев ба АМА навиштааст, ки президент дар маросимҳои мотамӣ ба хотири даргузашти Халифа бин Зоид Оли Наҳён иштирок хоҳад кард.Илова бар ин, дар назар аст, ки Мирзиеёв пас аз анҷоми маросимҳои мотамӣ бо кишвардори тозаинтихоби Аморат, Муҳаммад бин Зейд дидору мулоқот кунад.Феълан маълум нест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин маърака даъват шудааст ё хайр.Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон даргузашти раҳбари Амороти Муттаҳидаи Арабро боиси андуҳи бузург хонд ва қайд намуд, ки Тоҷикистон дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод.Ёдовар мешавем, президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ 13 май даргузашт.Дар робита ба даргузашти ӯ дар саросари Аморот мотами миллӣ эълон шудааст, ки гуфта мешавад 40 рӯз давом хоҳад кард.Марҳум писари калонии бунёдгузори Аморот Зоид бин Султон Оли Наҳаён буд, ки пас аз маргӣ ӯ дар соли 2004 мақоми раҳбариро ба зима дошт.Ҳоло ба курсии президентии АМА, Муҳаммад бин Зейд такя зад, Номбурда, шоҳзодаи валиаҳди аморати пойтахти Абу-Дабӣ дар ҳашт соли ахир ба таври муассир ин кишварро раҳбарӣ мекард.
https://sputnik.tj/20220514/arabiston-intikhob-prezident-rohbar-1048449120.html
ӯзбекистон
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042308343_115:0:1932:1363_1920x0_80_0_0_be207730edbddee69fc271e4347a0e7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шавкат мирзиёев ама сафар
шавкат мирзиёев ама сафар
Мирзиёев барои видоъ бо президент ба Аморати Араб рафт: Раҳмон чӣ
16:23 15.05.2022 (Навсозишуда: 16:29 15.05.2022) Кишвардори Ӯзбекистон ба хотири иштирок дар маъракаҳои мотамӣ дар робита ба фавти Халифа бин Зоид Оли Наҳён, ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар кард
ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба АМА сафар кард.
Котиботи президенти Ӯзбекистон дар шарҳи сафари Мирзиёев ба АМА навиштааст, ки президент дар маросимҳои мотамӣ ба хотири даргузашти Халифа бин Зоид Оли Наҳён иштирок хоҳад кард.
Илова бар ин, дар назар аст, ки Мирзиеёв пас аз анҷоми маросимҳои мотамӣ бо кишвардори тозаинтихоби Аморат, Муҳаммад бин Зейд дидору мулоқот кунад.
Феълан маълум нест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин маърака даъват шудааст ё хайр.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон даргузашти раҳбари Амороти Муттаҳидаи Арабро боиси андуҳи бузург хонд ва қайд намуд, ки Тоҷикистон дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод.
Ёдовар мешавем, президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ 13 май даргузашт.
Дар робита ба даргузашти ӯ дар саросари Аморот мотами миллӣ эълон шудааст, ки гуфта мешавад 40 рӯз давом хоҳад кард.
Марҳум писари калонии бунёдгузори Аморот Зоид бин Султон Оли Наҳаён буд, ки пас аз маргӣ ӯ дар соли 2004 мақоми раҳбариро ба зима дошт.
Ҳоло ба курсии президентии АМА, Муҳаммад бин Зейд такя зад, Номбурда, шоҳзодаи валиаҳди аморати пойтахти Абу-Дабӣ дар ҳашт соли ахир ба таври муассир ин кишварро раҳбарӣ мекард.