Бонкҳои Тоҷикистон коргар меҷӯянд

© Sputnik / Амир ИсаевНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Обуна шудан
Беш аз даҳ ташкилоти молиявӣ дар Душанбе ярмарка доир карданд, ки ҳадаф аз он ҷалби муттахассисони соҳаҳои бонкдорӣ ба кор дар ҷойҳои кори доимӣ унвон мешавад
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Дар Душанбе барои хоҳишмандони кор дар бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ташкил карда шуд.
Ташкилотҳои молиявӣ ба корҷӯён маоши хуб ваъда доданд. Торнамои "Jom.tj "аз рафти ин намоишгоҳ хабар додааст, ки дар ярмарка беш аз даҳ ташкилоти молиявӣ ширкат карданд.
Гуфта мешавад, ин намоишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардидааст.
Миёни ташкилотҳо, аз ҷумла бонки "Эсхата" низ қарор дошт. Намояндаи ин бонк изҳор доштааст, ки онҳо 16 ҷойи кори холӣ доранд ва аксар коргарҳо барои филиалҳои онҳо дар минтақаҳои ҷанубӣ лозиманд.
Таджикские сомони на столе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Чаро сомонӣ аз банкомат ва бонкҳои Тоҷикистон "ғайб зад"?
Ҳамчунин намояндагони бонки "Имон" аз 60 ҷойи корӣ хабар дода, маоши пасттаринро 1500 сомонӣ арзёбӣ намуданд.
Бонкҳое чун "Спитаменбонк" ва "Саноатсодиротбонк" низ дар ярмарка иштирок намуда, якумӣ 18 ҷойи корӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо ва дуввумӣ 25 ҷойи кори холӣ доранд. Намояндагони "Саноатсодиротбонк" изҳор доштаанд, ки аксари ҷойҳои холӣ дар намояндагиҳои бонк дар минтақаҳои гуногуни кишвар мавҷуданд.
Лентаи хабарҳо
0