https://sputnik.tj/20220514/hamdardi-rahmon-oli-nahyon-oli-maktum-1048442031.html
"Тоҷикистон дӯсти самимияшро аз даст дод": Ҳамдардии Раҳмон ба Оли Наҳён ва Оли Мактум
"Тоҷикистон дӯсти самимияшро аз даст дод": Ҳамдардии Раҳмон ба Оли Наҳён ва Оли Мактум
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон даргузашти раҳбари Амороти Муттаҳидаи Арабро боиси андуҳи бузург хонда гуфтааст, ки Тоҷикистон дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод
2022-05-14T09:05+0500
2022-05-14T09:05+0500
2022-05-14T09:05+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
изҳори ҳамдардӣ
амороти муттаҳидаи араб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116597_0:0:3115:1753_1920x0_80_0_0_a33284ea7fa529f428fe10987d7bff3f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Валиаҳди Абӯ-Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намудандДар номаи президенти кишвар, ки дафтари матбуотии ӯ нашр кард, гуфта мешавад, ки хабари даргузашти бародари гиромиатон, президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён боиси андӯҳи бузурги мо гардид."Марҳум ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд ва барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Аморот саҳми бузург гузоштааст",- омадааст дар номаи таслияти Раҳмон.Президенти Тоҷикистон ҳамзамон аз талошҳои пайвастаи Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ёдовар шудааст, ки маҳмуносибатҳои созандаи дуҷонибаи дар замони раҳбарии ӯ рушду тавсеаи тоза ёфта, ба сатҳи сифатан баландтар бардошта шуданд. Ӯ аз номи худ, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимиро нисбати ин талафот ба тамоми мардуми Амороти Муттаҳидаи Араб баён намудааст.Оқои Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон даргузашти раҳабри Амороти Муттаҳидаи Арабро ба ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум таслият гуфта, ин боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.Ба гуфтаи Раҳмон, Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ба сифати ходими намоёни давлатӣ дар рушду нумуи Амороти Муттаҳидаи Араб нақши намоён гузошта, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибори шоиста касб намуда буд ва даргузашташ боиси андуҳи бепоён гардид.Ёдовар мешавем, ки президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ 13 май даргузашт.Дар робита ба даргузашти ӯ дар саросари Аморот мотами миллӣ эълон шудааст, ки гуфта мешавад 40 рӯз давом хоҳад кард.Марҳум писари калонии бунёдгузори Аморот Зоид бин Султон Оли Наҳаён буд, ки пас аз маргӣ ӯ дар соли 2004 мақоми раҳбариро ба зима дошт.
https://sputnik.tj/20220419/tojikistonu-arabistoni-saudi-markazi-logistiki-bunyod-1047763068.html
амороти муттаҳидаи араб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116597_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fa738cd61c0de68e7e784899032dc697.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамдардӣ раҳмон оли наҳён оли мактум
ҳамдардӣ раҳмон оли наҳён оли мактум
"Тоҷикистон дӯсти самимияшро аз даст дод": Ҳамдардии Раҳмон ба Оли Наҳён ва Оли Мактум
Президенти Тоҷикистон даргузашти раҳбари Амороти Муттаҳидаи Арабро боиси андуҳи бузург хонда гуфтааст, ки Тоҷикистон дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Валиаҳди Абӯ-Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар номаи президенти кишвар, ки дафтари матбуотии ӯ нашр кард, гуфта мешавад, ки хабари даргузашти бародари гиромиатон, президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён боиси андӯҳи бузурги мо гардид.
"Марҳум ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд ва барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Аморот саҳми бузург гузоштааст",- омадааст дар номаи таслияти Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон ҳамзамон аз талошҳои пайвастаи Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ёдовар шудааст, ки маҳмуносибатҳои созандаи дуҷонибаи дар замони раҳбарии ӯ рушду тавсеаи тоза ёфта, ба сатҳи сифатан баландтар бардошта шуданд.
"Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо эшон бо некӣ дар ёд дорам. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод",- таъкид шудааст дар идомаи паём.
Ӯ аз номи худ, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимиро нисбати ин талафот ба тамоми мардуми Амороти Муттаҳидаи Араб баён намудааст.
Оқои Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон даргузашти раҳабри Амороти Муттаҳидаи Арабро ба ҳокими Дубай Шайх Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум таслият гуфта, ин боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.
Ба гуфтаи Раҳмон, Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ба сифати ходими намоёни давлатӣ дар рушду нумуи Амороти Муттаҳидаи Араб нақши намоён гузошта, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибори шоиста касб намуда буд ва даргузашташ боиси андуҳи бепоён гардид.
Ёдовар мешавем, ки президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ 13 май даргузашт.
Дар робита ба даргузашти ӯ дар саросари Аморот мотами миллӣ эълон шудааст, ки гуфта мешавад 40 рӯз давом хоҳад кард.
Марҳум писари калонии бунёдгузори Аморот Зоид бин Султон Оли Наҳаён буд, ки пас аз маргӣ ӯ дар соли 2004 мақоми раҳбариро ба зима дошт.