https://sputnik.tj/20220419/tojikistonu-arabistoni-saudi-markazi-logistiki-bunyod-1047763068.html
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ният доранд, маркази логистикӣ бунёд намоянд
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ният доранд, маркази логистикӣ бунёд намоянд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои афзоиш додани гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ният доранд, як маркази логистикӣ таъсис диҳанд
2022-04-19T11:50+0500
2022-04-19T11:50+0500
2022-04-19T12:35+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
марказ
бунёд
логистика
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101769/29/1017692920_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_6b1f3fbaf5f06290b2df3da2e3abbd7b.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Ин масъала зимни мулоқоти маҷозии Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон ва Бандар Алхорайф, вазири саноат ва захираҳои маъдании Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии вазорати саноати Тоҷикистон.Бино ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат таъкид шуд, ки ин маркази логистикӣ ба афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.Ба гуфтаи манбаъ, таъсиси чунин як маркази логистикӣ имкон медиҳад, нисбат ба масирҳои анъанавии логистикӣ молҳо зудтар интиқол дода шаванд.Шералӣ Кабир қайд кард, ки Тоҷикистон барои рушди саноат ва фанновариҳои нав дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пахта ва дорусозӣ имконоти кофӣ дорад.Маҷмаи анборҳо нигоҳдории маҳсулот як маркази бузурги логистикӣ мебошад, ки дар он тамоми маҷмӯи амалиёти коркарди бор анҷом дода мешавад.Сохтмони чунин марказҳои бузурги логистикӣ тамоюлест, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон хеле машҳур гардидааст. Логопарк ҷараёни боркашониро муттаҳид мекунад - молҳо нигоҳ дошта мешаванд, коркард ва ба дигар анборҳо тақсим карда мешаванд. Хусусияти фарқкунанда ин имкони фиристодани маҳсулот бо намудҳои гуногуни нақлиёт ва бор кардани мол мебошад.
https://sputnik.tj/20220225/barrasi-masoili-iqtisodii-tojikiston-vaziri-sanoat-bor-1046259996.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101769/29/1017692920_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_92aed5d20dfa0d927e49d19886d908b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арабистони саудӣ, анбор, маҷмаа, сохтмон, бунёд, марказ логистикӣ
тоҷикистон, арабистони саудӣ, анбор, маҷмаа, сохтмон, бунёд, марказ логистикӣ
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ният доранд, маркази логистикӣ бунёд намоянд
11:50 19.04.2022 (Навсозишуда: 12:35 19.04.2022) Мақомоти Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ният доранд, як маркази логистикӣ таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Ин масъала зимни мулоқоти маҷозии Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон ва Бандар Алхорайф, вазири саноат ва захираҳои маъдании Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии вазорати саноати Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат таъкид шуд, ки ин маркази логистикӣ ба афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи манбаъ, таъсиси чунин як маркази логистикӣ имкон медиҳад, нисбат ба масирҳои анъанавии логистикӣ молҳо зудтар интиқол дода шаванд.
Шералӣ Кабир қайд кард, ки Тоҷикистон барои рушди саноат ва фанновариҳои нав дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пахта ва дорусозӣ имконоти кофӣ дорад.
Маҷмаи анборҳо нигоҳдории маҳсулот як маркази бузурги логистикӣ мебошад, ки дар он тамоми маҷмӯи амалиёти коркарди бор анҷом дода мешавад.
Сохтмони чунин марказҳои бузурги логистикӣ тамоюлест, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон хеле машҳур гардидааст. Логопарк ҷараёни боркашониро муттаҳид мекунад - молҳо нигоҳ дошта мешаванд, коркард ва ба дигар анборҳо тақсим карда мешаванд. Хусусияти фарқкунанда ин имкони фиристодани маҳсулот бо намудҳои гуногуни нақлиёт ва бор кардани мол мебошад.