https://sputnik.tj/20220513/shahrdori-khujand-muovinashro-volidoni-sarbozon-didorbinii-1048431760.html
Шаҳрдори Хуҷанд муовинашро ҳамроҳ бо волидони сарбозон ба дидорбинии наваскарон фиристод
Шаҳрдори Хуҷанд муовинашро ҳамроҳ бо волидони сарбозон ба дидорбинии наваскарон фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Хуҷанд гурӯҳе аз волидони наваскаронро барои дидори фарзандонашон ба қисмҳои низомии мустақар ба шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хоруғ сафарбар намуд
2022-05-13T20:10+0500
2022-05-13T20:10+0500
2022-05-14T18:20+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
аскар
шаҳрдор
волидайн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042681712_0:83:1600:983_1920x0_80_0_0_d94a4f4ef55637c2b1e0279b4d14160d.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии шаҳрдори Хуҷанд, ки худи ӯ ҳам волидони сарбозонро тайи ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.Ӯ гуфт, сафари онҳо имрӯз оғоз шуда, як ҳафта тул хоҳад кашид. Дар ин муддат волидон фарзандони худро дар қисмҳои низомии ҷануби кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Фархор, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Хоруғ, Ишкошим аёдат хоҳанд кард.“Дар ин сафар волидон танҳо нестанд, балки онҳоро намояндагони ҳукумат таҳти роҳбарии Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ мекунанд. Харҷи сафари волидон пурра аз ҳисоби шарҳдорӣ аст”, – афзуд Юсуфзод.Бино ба иттилои манбаъ, ба ин ҳайати беш аз бистнафарии волидон намояндагони фарҳангу ҳунар низ ворид карда шудаанд. Ҳамаи онҳо якҷо, тавассути микроавтобус имрӯз ба сафар баромадаанд.Шарҳдории Хуҷанд ҳадафи ба роҳ мондани ин корро фароҳамсозии дидори волидон бо фарзандони сарбозашон гуфтааст, ки дар сафи артиш дар навоҳии ҷанубии кишвар дар хидмати ҳарбӣ қарор доранд.
https://sputnik.tj/20220513/maqomoti-tojikiston-qaziyai-bozdoshti-qirghizistonro-tahqiq-1048430445.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042681712_90:0:1511:1066_1920x0_80_0_0_3576caf7f31a012b00ed6b574dbca9eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, хуҷанд, шаҳрдор, наваскарон, душанбе, хоруғ, кӯлоб, дидорбинӣ
тоыикистон, хуҷанд, шаҳрдор, наваскарон, душанбе, хоруғ, кӯлоб, дидорбинӣ
Шаҳрдори Хуҷанд муовинашро ҳамроҳ бо волидони сарбозон ба дидорбинии наваскарон фиристод
20:10 13.05.2022 (Навсозишуда: 18:20 14.05.2022) Ҳукумати Хуҷанд гурӯҳе аз волидони наваскаронро ба дидорбинии фарзандонашон ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хоруғ фиристодааст
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии шаҳрдори Хуҷанд, ки худи ӯ ҳам волидони сарбозонро тайи ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, сафари онҳо имрӯз оғоз шуда, як ҳафта тул хоҳад кашид. Дар ин муддат волидон фарзандони худро дар қисмҳои низомии ҷануби кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Фархор, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Хоруғ, Ишкошим аёдат хоҳанд кард.
“Дар ин сафар волидон танҳо нестанд, балки онҳоро намояндагони ҳукумат таҳти роҳбарии Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ мекунанд. Харҷи сафари волидон пурра аз ҳисоби шарҳдорӣ аст”, – афзуд Юсуфзод.
Бино ба иттилои манбаъ, ба ин ҳайати беш аз бистнафарии волидон намояндагони фарҳангу ҳунар низ ворид карда шудаанд. Ҳамаи онҳо якҷо, тавассути микроавтобус имрӯз ба сафар баромадаанд.
Шарҳдории Хуҷанд ҳадафи ба роҳ мондани ин корро фароҳамсозии дидори волидон бо фарзандони сарбозашон гуфтааст, ки дар сафи артиш дар навоҳии ҷанубии кишвар дар хидмати ҳарбӣ қарор доранд.