https://sputnik.tj/20220513/maqomoti-tojikiston-qaziyai-bozdoshti-qirghizistonro-tahqiq-1048430445.html
Мақомоти Тоҷикистон қазияи боздошти 11 шаҳрванди кишвар дар Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд
Мақомоти Тоҷикистон қазияи боздошти 11 шаҳрванди кишвар дар Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд нашри хабар дар бораи боздошти 11 сокини ноҳияи ин вилоят дар марзи Қирғизистонро таҳқиқ мекунад
2022-05-13T18:40+0500
2022-05-13T18:40+0500
2022-05-13T19:10+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
мақомот
таҳқиқ
қазия
боздошт
қирғизистон
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_130:24:1000:513_1920x0_80_0_0_7ca157bb59ba1a744dd95308a43e6b25.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Хабари боздошти сокинони деҳоти як ноҳияи ин вилоят субҳи имрӯз дар расонаҳои Қирғизистон нашр шуд. Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, аз ин қазия аз тариқи расонаҳо огоҳ шудаанд. Манобеъ аз ҳукумати вилояти Суғд гуфтанд, ки ҳоло мақомоти сарҳадбонӣ ин хабарро таҳқиқ карда истодаанд. КДАМ Қирғизистон 13 майи соли 2022 хабар дод, ки дар шаҳри Сулуктаи вилояти Бодканд 11 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва фаъолияти ғайриқонунӣ дар як анбори ангишти ин минтақа дастгир кардаанд. Бино ба иттилои расонаҳо, ки бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар нашр шудааст, гуфта мешавад, ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи наздимарзии Ҷаббор Расулови Суғд буда, дар пайи убури ғайриқонунии марз мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Ноҳияҳои Ҷаббор Расулов баъд аз Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара сеюмин ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.
https://sputnik.tj/20220513/bozdoshti-tojik-qirghiziston-sabab-1048412230.html
қирғизистон
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_357:35:1000:517_1920x0_80_0_0_d1d9391cad5126fac978b7cac7af26b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, таҳқиқ, қазия, боздошт, вилояти суғд
тоҷикистон, қирғизистон, таҳқиқ, қазия, боздошт, вилояти суғд
Мақомоти Тоҷикистон қазияи боздошти 11 шаҳрванди кишвар дар Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд
18:40 13.05.2022 (Навсозишуда: 19:10 13.05.2022) Мақомоти Суғд нашри хабар дар бораи боздошти 11 сокини ноҳияи ин вилоят дар марзи Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Хабари боздошти сокинони деҳоти як ноҳияи ин вилоят субҳи имрӯз дар расонаҳои Қирғизистон нашр шуд.
Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, аз ин қазия аз тариқи расонаҳо огоҳ шудаанд. Манобеъ аз ҳукумати вилояти Суғд гуфтанд, ки ҳоло мақомоти сарҳадбонӣ ин хабарро таҳқиқ карда истодаанд.
“Одатан дар ҳолати боздошти шаҳрвандон аз сӯйи кишвари ғайр мақомоти он кишвар расман нома ирсол мекунанд. Вале инчунин нома то ҳол аз ҷониби мақомоти Қирғизистон ба онҳо дастрас нашудааст”, – гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.
КДАМ Қирғизистон 13 майи соли 2022 хабар дод, ки дар шаҳри Сулуктаи вилояти Бодканд 11 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва фаъолияти ғайриқонунӣ дар як анбори ангишти ин минтақа дастгир кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, ки бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар нашр шудааст, гуфта мешавад, ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи наздимарзии Ҷаббор Расулови Суғд буда, дар пайи убури ғайриқонунии марз мавриди боздошт қарор гирифтаанд.
“Шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар яке аз анборҳои ангишт дар Сулукта ба кор машғул шудаанд”, – омадааст дар иттилоияи Sputnik Қирғизистон. Мақомоти Суғд мегӯянд, дар ҳоли тасдиқи ин хабар онҳо талош мекунанд, аз роҳҳои қонунӣ ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳифз кунанд.
Ноҳияҳои Ҷаббор Расулов баъд аз Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара сеюмин ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон маҳсуб мешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.