https://sputnik.tj/20220513/rustami-emomali-ashimbaev-kharitai-roh-1048426008.html
Раисони Маҷлиси миллӣ ва Сенат "харитаи роҳ" имзо карданд
Раисони Маҷлиси миллӣ ва Сенат "харитаи роҳ" имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Комиссияи доимии ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Сенати парлумони Қазоқистон баргузор гардид.
2022-05-13T17:20+0500
2022-05-13T17:20+0500
2022-05-13T18:34+0500
дар тоҷикистон
маҷлиси миллӣ
сенат
қазоқистон
ҳамкорӣ
сиёсат
рустами эмомалӣ
санад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/80/1030068013_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_8ff38d4e6c94bb5aa54cfc99f6c898ce.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Маулен Ашимбаев, раиси Сенати Қазоқистон "харитаи роҳ" барои густариши ҳамкориҳоро имзо кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, ин санад дар доираи нахустин ҷаласаи Комиссияи доимии ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Сенати Қазоқистон имзо гардид. Таъкид шудааст, ки ҳуҷҷати мазкур самтҳои рушди ҳамкориҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенат барои солҳои 2023-2024-ро муайян мекунад. Дар идомаи ҷаласа ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва сиёсати муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Манбаъ афзуд, ки Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ, амалигардонии лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷалб кардааст."Дар робита ба мавзуи таъмини амнияти минтақаӣ, бахусус вазъи мураккаби Афғонистон идомаи ҳамкории босамари кишварҳо дар бахши ҳарбию техникӣ зарур шуморида шуд", - омадааст дар иттилоия.Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон буда, миёни Душанбе ва Нурсултон гардиши мол соли гузашта қариб 30 фоиз афзуда, ба зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда буд.
https://sputnik.tj/20220513/muloqot-emomali-rahmon-senat-qazoqiston-1048421193.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/80/1030068013_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_891166ac14bb6fe341ba7bad3acc216e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзо, харита, роҳ, рустами эмомалӣ, ашимбаев
имзо, харита, роҳ, рустами эмомалӣ, ашимбаев
Раисони Маҷлиси миллӣ ва Сенат "харитаи роҳ" имзо карданд
17:20 13.05.2022 (Навсозишуда: 18:34 13.05.2022) Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Комиссияи доимии ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Сенати Қазоқистон баргузор гардид.
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Маулен Ашимбаев, раиси Сенати Қазоқистон "харитаи роҳ" барои густариши ҳамкориҳоро имзо кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, ин санад дар доираи нахустин ҷаласаи Комиссияи доимии ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Сенати Қазоқистон имзо гардид.
Таъкид шудааст, ки ҳуҷҷати мазкур самтҳои рушди ҳамкориҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенат барои солҳои 2023-2024-ро муайян мекунад.
Дар идомаи ҷаласа ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва сиёсати муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Манбаъ афзуд, ки Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ, амалигардонии лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷалб кардааст.
"Дар робита ба мавзуи таъмини амнияти минтақаӣ, бахусус вазъи мураккаби Афғонистон идомаи ҳамкории босамари кишварҳо дар бахши ҳарбию техникӣ зарур шуморида шуд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон буда, миёни Душанбе ва Нурсултон гардиши мол соли гузашта қариб 30 фоиз афзуда, ба зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда буд.