Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Сенати Қазоқистон

© Пресс-служба Президента республики ТаджикистанВстреча с Председателем Сената РК Мауленом Ашимбаевым
Встреча с Председателем Сената РК Мауленом Ашимбаевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Роҳбари Сенати парлумони Қазоқистон феълан бо даъвати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо сафари расмии ҷавобӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Тиҷорат ва амният, аз ҷумла вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Маулен Ашимбаев, раиси Сенати Қазоқистон будаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Ашимбаев изҳор дошт, ки рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Қазоқистон аз самти афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат мебошад.
Раҳмон аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва дастгирии ҳамдигарӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон зикр намуда, бахусус аз муколамаи боэътимоди сатҳи олии сиёсӣ ва ҳамкории созанда изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ номбар шудаанд
"Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ муҳокима гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Зимни баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ зикр шуд, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла таъкид гардид, ки гардиши мол соли гузашта қариб 30% фоиз афзуда, ба зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ расид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва маориф таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар масъалаи таъмини амнияти минтақа, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор намуданд, афзуд дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Роҳбари Сенати Қазоқистон феълан бо даъвати Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо сафари расмии ҷавобӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0