https://sputnik.tj/20220513/lavrov-payvastan-tojikiston-iiao-1048420060.html
Лавров дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё сухан гуфт
Лавров дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё сухан гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон имтиёзҳоеро баррасӣ мекунанд, ки шарикӣ бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё метавонад ба ин кишвар хоҳад дод
2022-05-13T15:35+0500
2022-05-13T15:35+0500
2022-05-13T18:02+0500
сергей лавров
дар тоҷикистон
ииао
иқтисод
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0d/1048418434_0:0:3093:1740_1920x0_80_0_0_54a6eeaf0cf61e0b15ddc55965aac5c9.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Тоҷикистон манфиатҳои ошкори ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро интизор аст. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, дар Ӯзбекистон ду соли ахир бо қарори раисҷумҳур ин кишвар Шавкат Мирзиёев ҳамин гуна корҳо анҷом мешаванд. "Ӯзбекистон бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё робита барқарор мекунад", - афзуд вазири корҳои хориҷии Русия.Вай тавзеҳ дод, ки бо мувофиқаи раҳбарони Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев гурӯҳи кории дуҷонибаи таъсис дода шудааст, ки ҷанбаҳои амалиро баррасӣ намуда, ба Тошканд оид ба масъалаҳои наздикшавӣ бо ИИАО машварат медиҳад. Ба гуфтаи Лавров, пешрафт дар ин масъала хеле ҷиддӣ аст. Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодӣ аст, ки соли 2015 таъсис ёфтааст. Он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистонро шомил аст. Молдова, Ӯзбакистон ва Куба мақоми нозирро доранд.
https://sputnik.tj/20220210/tojikiston-iiao-mts-hukumat-1045699375.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0d/1048418434_309:0:3040:2048_1920x0_80_0_0_0e9a51f6778a3543fb074215d30458e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров ҳамкорӣ тоҷикистон ииао
лавров ҳамкорӣ тоҷикистон ииао
Лавров дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё сухан гуфт
15:35 13.05.2022 (Навсозишуда: 18:02 13.05.2022) Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳоеро баррасӣ мекунанд, ки шарикӣ бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба ин кишвар хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Тоҷикистон манфиатҳои ошкори ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро интизор аст.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
"Дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё як намояндаи вижаи Тоҷикистон муддати тӯлонӣ вуҷуд дорад, ки барои ҳалли ин масъала таъин шуда буд, то бартариҳои ошкореро, ки ҳамкорӣ ва илова бар ин узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё меорад, бубинад", - гуфт Лавров.
Ба гуфтаи ӯ, дар Ӯзбекистон ду соли ахир бо қарори раисҷумҳур ин кишвар Шавкат Мирзиёев ҳамин гуна корҳо анҷом мешаванд.
"Ӯзбекистон бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё робита барқарор мекунад", - афзуд вазири корҳои хориҷии Русия.
Вай тавзеҳ дод, ки бо мувофиқаи раҳбарони Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев гурӯҳи кории дуҷонибаи таъсис дода шудааст, ки ҷанбаҳои амалиро баррасӣ намуда, ба Тошканд оид ба масъалаҳои наздикшавӣ бо ИИАО машварат медиҳад.
Ба гуфтаи Лавров, пешрафт дар ин масъала хеле ҷиддӣ аст.
Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодӣ аст, ки соли 2015 таъсис ёфтааст. Он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистонро шомил аст. Молдова, Ӯзбакистон ва Куба мақоми нозирро доранд.