https://sputnik.tj/20220210/tojikiston-iiao-mts-hukumat-1045699375.html
Тоҷикистон ба ИИАО ворид мешавад? МТС гуфт, хулосаҳояшро ба ҳукумат пешниҳод кардааст
Тоҷикистон ба ИИАО ворид мешавад? МТС гуфт, хулосаҳояшро ба ҳукумат пешниҳод кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Ворид шудан ва ё нашудани Тоҷикистрн ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳанӯз зери суол қарор дорад
2022-02-10T11:09+0500
2022-02-10T11:09+0500
2024-01-24T15:59+0500
дар тоҷикистон
ииао
иқтисод
мтс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/24/1029032494_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_124f89a4c84cd8c064d40e7a07f698de.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, хулосаҳояшро дар бораи бурду бохти кишвар аз вуруд ба ИИАО ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст.Дар ин бора Усмонзода Хайриддин Усмон, раҳбари нав МТС Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.Ӯ гуфт, дар ин самт аз ҷониби МТС давоми ду-се сол таҳлилҳои густурдаи зиёде ироа шудааст.Номбурда гуфт, марҳилаи мутобиқшавии Арманистон ва Қирғизистон ба анҷом нарасидааст ва коршиносони мо ин кишварҳоро меомӯзанд.Ба гуфтаи ӯ, тасмими ниҳоӣ дар бораи воридшавӣ ба ин созмон дар ихтиёри ҳукумат аст.Тоҷикистон барои воридшавӣ ба ИИАО саросема нестЁдрас менамоем, қаблан Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар гуфта буд, ки Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи ворид шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба фурсат ниёз дорад."Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин иттиҳод имконнопазир аст", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви иттиҳод бо иқтисодҳои мушобеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд, ки бо Тоҷикистон иқтисоди шабеҳ доранд.Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи воридшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё шитоб кардан маъно надорад. Таҳияи омори намунавӣ дар бораи фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.Омӯзиши ИИАО аз тарафи Тоҷикистон чанд сол аст, ки идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдоми кишвар бурдҳояш нисбат ба бохтҳо бештар хоҳанд шуд.Пеш аз ҳама, узвият дар иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки зарфияти тиҷорӣ ва сармоягузории худро бештар кунад.Ёдовар мешавем, қаблан Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон ва Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон хоҳони пайвастани Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркаманистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авросиё шуда буданд.Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё аз соли 2015 амал мекунад ва ҳоло ба ҷуз Русия чор кишвар, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистонро низ шомил мешавад. Ӯзбекистон дар ин иттиҳод мақоми нозирро дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/24/1029032494_123:0:1563:1080_1920x0_80_0_0_4dd82714c2747484d9a171f41c8434bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ииао мтс
Тоҷикистон ба ИИАО ворид мешавад? МТС гуфт, хулосаҳояшро ба ҳукумат пешниҳод кардааст
11:09 10.02.2022 (Навсозишуда: 15:59 24.01.2024) Ворид шудан ва ё нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳанӯз зери суол қарор дорад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, хулосаҳояшро дар бораи бурду бохти кишвар аз вуруд ба ИИАО ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст.
Дар ин бора Усмонзода Хайриддин Усмон, раҳбари нав МТС Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, дар ин самт аз ҷониби МТС давоми ду-се сол таҳлилҳои густурдаи зиёде ироа шудааст.
"Дар таҳлилҳо пеш аз ҳама дастовардҳои кишварҳои минтақа ва паёмадҳои пас аз воридшавӣ ба иқисод ва вазъи иҷтимоии мардумро таҳлил кардем", - гуфт Усмонзода.
Номбурда гуфт, марҳилаи мутобиқшавии Арманистон ва Қирғизистон ба анҷом нарасидааст ва коршиносони мо ин кишварҳоро меомӯзанд.
Ба гуфтаи ӯ, тасмими ниҳоӣ дар бораи воридшавӣ ба ин созмон дар ихтиёри ҳукумат аст.
Тоҷикистон барои воридшавӣ ба ИИАО саросема нест
Ёдрас менамоем, қаблан Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар гуфта буд, ки Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи ворид шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба фурсат ниёз дорад.
"Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин иттиҳод имконнопазир аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви иттиҳод бо иқтисодҳои мушобеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд, ки бо Тоҷикистон иқтисоди шабеҳ доранд.
Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи воридшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё шитоб кардан маъно надорад. Таҳияи омори намунавӣ дар бораи фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.
Омӯзиши ИИАО аз тарафи Тоҷикистон чанд сол аст, ки идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдоми кишвар бурдҳояш нисбат ба бохтҳо бештар хоҳанд шуд.
Пеш аз ҳама, узвият дар иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки зарфияти тиҷорӣ ва сармоягузории худро бештар кунад.
Ёдовар мешавем, қаблан Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон ва Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон хоҳони пайвастани Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркаманистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авросиё шуда буданд.
Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё аз соли 2015 амал мекунад ва ҳоло ба ҷуз Русия чор кишвар, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистонро низ шомил мешавад. Ӯзбекистон дар ин иттиҳод мақоми нозирро дорад.