https://sputnik.tj/20220513/korshinos-rubl-rasidan-dollar-khatar-1048427831.html
Коршинос гуфт, то 60 рубл расидани доллар чӣ хатар дорад
Коршинос гуфт, то 60 рубл расидани доллар чӣ хатар дорад
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгари гуруҳи молиявии "Финам" зарур медонад, ки қурби рубл дар Русия поин бурда шавад то даромади буҷа аз содирот бештар гардад
2022-05-13T18:20+0500
2022-05-13T18:20+0500
2022-05-13T19:15+0500
дар русия
қурб
рубл
иқтисод
арзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045437584_0:165:3083:1899_1920x0_80_0_0_1f6c01d1138dda522d7c0676dfa36136.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Қурби феълии рубл дар баробари доллар барои иқтисоди Русия мушкилот эҷод мекунад, изҳор дошт Андрей Маслов, таҳлилгари гурӯҳи молияии "Финам". Ӯ дар суҳбат бо ожонси "Прайм" изҳор доштааст, ки қурби баланди рубл дар баробари доллар даромади рублии буҷаро коҳиш медиҳад. Вай изҳор доштаст, ки феълан ҳарчанд содирот ба таври қобили мулоҳиза аз нишондоди пештара коҳиш ёфтааст, аммо аз воридот бештар аст, ки ин дар навбати худ барои рубл дастгирии ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Маслов мегӯяд, расидани қурби доллар ба нуқтаи 60 рубл эҳтимолияти кам дорад ва агар расад ҳам, дер давом нахоҳад кард. Вай дар шароити феълӣ қурби беҳтаринро 80 рубл барои як доллар хонд, ки Бонки Русия барои он талош дорад. Маслов илова намуд, ки вақтҳои охир ниҳоди танзимкунанда кӯшиш мекунад, ки қурби рублро тавассути поин бурдани меъёри бозтамвил ва сабук кардани маҳдудиятҳо заиф созад. Ӯ гуфт, бо назардошти он ки сабуктар кардани маҳдудиятҳо натиҷаи дилхоҳ надода истодаанд, бояд тадбирҳои дигари сабуккунанда дар бахши танзими асъорро пеш гиранд.
https://sputnik.tj/20220513/bonki-milli-tojikiston-dollar-qurb-rublro-1048409181.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045437584_9:0:2740:2048_1920x0_80_0_0_a4848afa2c2873e922f88dc300859b59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, коршинос, зарар, рубл, баланд
ҳушдор, коршинос, зарар, рубл, баланд
Коршинос гуфт, то 60 рубл расидани доллар чӣ хатар дорад
18:20 13.05.2022 (Навсозишуда: 19:15 13.05.2022) Таҳлилгари гурӯҳи молиявии "Финам" зарур медонад, ки қурби рубл дар Русия поин бурда шавад, то даромади буҷа аз содирот бештар гардад
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Қурби феълии рубл дар баробари доллар барои иқтисоди Русия мушкилот эҷод мекунад, изҳор дошт Андрей Маслов, таҳлилгари гурӯҳи молияии "Финам".
Ӯ дар суҳбат бо ожонси "Прайм" изҳор доштааст, ки қурби баланди рубл дар баробари доллар даромади рублии буҷаро коҳиш медиҳад.
"Агар доллар боз ҳам арзонтар шаваду дар ҳудуди 60 рубл қарор гирад, буҷет метавонад "канда" шаваду касри буҷа ба вуҷуд ояд", - ҳушдор дод Маслов.
Вай изҳор доштаст, ки феълан ҳарчанд содирот ба таври қобили мулоҳиза аз нишондоди пештара коҳиш ёфтааст, аммо аз воридот бештар аст, ки ин дар навбати худ барои рубл дастгирии ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
Маслов мегӯяд, расидани қурби доллар ба нуқтаи 60 рубл эҳтимолияти кам дорад ва агар расад ҳам, дер давом нахоҳад кард.
Вай дар шароити феълӣ қурби беҳтаринро 80 рубл барои як доллар хонд, ки Бонки Русия барои он талош дорад.
Маслов илова намуд, ки вақтҳои охир ниҳоди танзимкунанда кӯшиш мекунад, ки қурби рублро тавассути поин бурдани меъёри бозтамвил ва сабук кардани маҳдудиятҳо заиф созад.
Ӯ гуфт, бо назардошти он ки сабуктар кардани маҳдудиятҳо натиҷаи дилхоҳ надода истодаанд, бояд тадбирҳои дигари сабуккунанда дар бахши танзими асъорро пеш гиранд.