Бонки миллии Тоҷикистон сирри устувории доллар ва тағйирёбии қурби рублро ошкор кард

© PixabayДоллары
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Вазъи асъор моҳҳои ахир бозори ҷумҳуриро ғофилгир кардааст: қурби рубл метавонад дар як шаб тағйир кунад, ки доллар аз ин гуна тағйир мустасност
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-декабри соли 2021 қурби пули амрикоӣ дар сатҳи 11,3 сомонӣ барои як доллар устувор буд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, долларро ҳамарӯза худи танзимгари асъор бар асоси қурби миёнавазни муомилоти харидуфурӯши сомонӣ муайян мекунад, ки он метавонад тақрибан бетағйир ба назар бирасад.
Тоҷикистониён барои гирифтани ипотека майли бештар пайдо кардаанд
Дар баробари ин рубл ба нархи мутақотеъ (кросс-қурб)-е вобаста аст, ки аз он дар таносуби доллар ба сомонӣ ва ҳамчун мустақиман ба асъори Федератсияи Русия истифода мешавад.
Гузашта аз ин БМТ қайд мекунад, ки ба далели вазъи душвори геополитикии ҷаҳон, қимати коло ва пандемияи коронавирус тағйирёбии назаррас дар қимати рублу доллар мушоҳида мешавад.
"Дар асоси гуфтаҳои боло, тағйирёбии қурби рубли русӣ дар баробари доллар сабаби боло рафтани қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ шудааст", - хулоса кард танзимкунандаи асъор.
БМТ ҳамчунин қайд кард, ки ҳама гуна дахолат ба қурби асъор танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ сурат мегирад, ки ин динамика ба суботи молии Тоҷикистон таҳдид мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки асъори русӣ тайи ду ҳафтаи охир қиматашро бидуни таъйир нигоҳ медорад.
Ҳамин тавр барои 1 ҳазор рубл 166 сомонӣ дода мешавад, дар ҳоле ки авохири моҳи гузашта ҳамин миқдор пули русӣ шаш сомонӣ камтар арзиш дошт.
Лентаи хабарҳо
0