https://sputnik.tj/20220513/jalasa-baynihukumati-tojikistonu-belorus-1048413835.html
Таъйини ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус дар Минск
Таъйини ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус дар Минск
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Белорус азм доранд ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дутарафаро, аз ҷумла аз тариқи ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ тақвият бахшанд
2022-05-13T12:05+0500
2022-05-13T12:05+0500
2022-05-13T12:20+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
белорус
комиссия
мулоқот
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102447/67/1024476762_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_d91ed2c1d8e02ab2d566f346aafbe363.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Беларус моҳи июни соли равон дар шаҳри Минск баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод. Манбаъ афзуд, ки омодагӣ ба ин ҷаласа аз мавзуъҳои мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои беларусаш Владимир Макей буд. Таъкид гардид, ки мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Владимир Макей дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Беларус талош доранд, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дутарафа, аз ҷумла аз тариқи ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолиро тақвият бахшанд. Инчунин ҷонибҳо сари роҳандозии содироти густурдаи меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Беларус кор карда истодаанд. Аз тарҳҳои ахире, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар бораи он хабар дод, таъсиси корхонаи муштараки қолинбарорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" мебошад, ки айни ҳол баррасии ин масъала идома дорад. Инчунин ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи "Хуҷанд-Могилёвлифтмаш" оғоз бахшид, ки аз ҷониби "Хуҷандторгмаш" дар ҳамкорӣ бо корхонаи "Могилёвлифтмаш"-и Беларус таъсис дода шудааст.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ҳадафи стратегии чорумашро саноатикунонии босуръати кишвар эълон карда, ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди ин бахш таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
https://sputnik.tj/20220208/muloqot-rustam-safar-belorus-1045621585.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102447/67/1024476762_68:0:968:675_1920x0_80_0_0_d9705c7bb26d069f05b2f3cc3677b0b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаласа, комиссия, таъйин, белорус, тоҷикистон, омодагӣ
ҷаласа, комиссия, таъйин, белорус, тоҷикистон, омодагӣ
Таъйини ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус дар Минск
12:05 13.05.2022 (Навсозишуда: 12:20 13.05.2022) Мақомоти Тоҷикистону Беларус азм доранд, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дутарафа, аз ҷумла аз тариқи ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолиро тақвият бахшанд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Беларус моҳи июни соли равон дар шаҳри Минск баргузор мешавад.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод. Манбаъ афзуд, ки омодагӣ ба ин ҷаласа аз мавзуъҳои мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои беларусаш Владимир Макей буд.
Таъкид гардид, ки мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Владимир Макей дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Беларус талош доранд, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дутарафа, аз ҷумла аз тариқи ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолиро тақвият бахшанд. Инчунин ҷонибҳо сари роҳандозии содироти густурдаи меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Беларус кор карда истодаанд.
Аз тарҳҳои ахире, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар бораи он хабар дод, таъсиси корхонаи муштараки қолинбарорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" мебошад, ки айни ҳол баррасии ин масъала идома дорад.
Инчунин ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи "Хуҷанд-Могилёвлифтмаш" оғоз бахшид, ки аз ҷониби "Хуҷандторгмаш" дар ҳамкорӣ бо корхонаи "Могилёвлифтмаш"-и Беларус таъсис дода шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ҳадафи стратегии чорумашро саноатикунонии босуръати кишвар эълон карда, ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди ин бахш таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.