Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири нави Белорус дар Тоҷикистон

© Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами Эмомалӣ ва сафири нави Белорус дар Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ва сафири нави Белорус дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Обуна шудан
Дар мулоқот масъалаҳои рушди равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон Виктор Александрович Денисенко дидор кардааст.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин дидор бо хоҳиши сиёсатмадори беларусӣ сурат гирифтааст.
Рустами Эмомалӣ аввал Денисенкоро ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи сафир дар Тоҷикистон муборакбод гуфтааст.
Сиёсатмадори тоҷик аз муносиботи миёни Тоҷикистон ва Беларус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ, изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2022
Лукашенко: Тоҷикистон бинобар зарурати иқтисодӣ ба Иттиҳоди Беларусу Русия мепайвандад
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларусро дар сиғаи дуҷониба, инчунин дар доираи созмонҳои байниминтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ кардаанд.
Қасди Тоҷикистону Беларус барои ташкили корхонаи муштараки лифтбарорӣ
Манбаъ афзуда, ки дар баробари ин тарафҳо ба зарурати муҳокимаи вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси миллии Беларус, инчунин дар доираи меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ тақвият додани натиҷаҳои назарраси бадастовардаи шохаҳои ҳокимияти иҷроияи ду кишвар таъкид карданд.
Лентаи хабарҳо
0