https://sputnik.tj/20220506/qirghiziston-uzbekiston-marg-barrasi-1048254623.html
Вазирони Қирғизистон ва Ӯзбекистон кушта шудани се тан дар марзро баррасӣ карданд
Вазирони Қирғизистон ва Ӯзбекистон кушта шудани се тан дар марзро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадорони ду кишвар ҳодисаи истифодаи силоҳ дар минтақаи Тобо-Қӯрғони вилояти Ҷалолобод аз ҷониби марзбонони ӯзбекро баррасӣ карданд
2022-05-06T19:00+0500
2022-05-06T19:00+0500
2022-05-06T19:00+0500
қирғизистон
қазоқистон
баҳси сарҳадӣ
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102498/86/1024988681_0:287:3000:1975_1920x0_80_0_0_1e8f16348db63c146ef6d510f39639a5.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубоев пас аз марги се тан дар марз бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов телефонӣ суҳбат кардааст.Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хабар медиҳад.Вазирони ду кишвар ҳодисаи истифодаи силоҳ дар минтақаи Тобо-Қӯрғони вилояти Ҷалолобод аз ҷониби марзбонони ӯзбекро, ки дар пайи он се қирғизистонӣ ҷон бохт, баррасӣ карданд. "Ҷонибҳо бар зарурати талошҳои муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз оқибатҳои номатлуб дар минтақаи марзӣ, ҳамчунин идомаи корҳо барои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои Қирғизистону Ӯзбекистон дар заминаи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек таъкид карданд", - омадааст дар хабар. Манбаъ афзуд, тарафҳо рӯзномаи муносибатҳои Қирғизистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули афкор намудаанд.Ёдрас менамоем, ки 5 май дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Ӯзбекистон, дар мавзеи Добо-Қӯрғони ҷамоати деҳоти Актами ноҳияи Ала-Букаи вилояти Ҷалолобод марзбонони Ӯзбекистон се шаҳрванди Қирғизистонро тирборон карданд.Ин бори аввал нест, ки марзбонони ӯзбек аз силоҳ истифода мекунанд: рӯзи 5 апрел низ ду қирғизистонӣ аз тири марзбонони ҳамсоякишвари худ ҳалок шуда буданд.То кунун мақомоти ҳар ду кишвар сабаби ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.
https://sputnik.tj/20220506/marzbononi-uzbek-se-shahrvandi-qirghizistonro-parondand-1048231647.html
қирғизистон
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102498/86/1024988681_223:0:2890:2000_1920x0_80_0_0_d13eb1d4b7ea2e3c86672193871fdefc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, қазоқистон, осиёи марказӣ,
қирғизистон, қазоқистон, осиёи марказӣ,
Вазирони Қирғизистон ва Ӯзбекистон кушта шудани се тан дар марзро баррасӣ карданд
Сиёсатмадорони ду кишвар ҳодисаи истифодаи силоҳ дар минтақаи Тобо-Қӯрғони вилояти Ҷалолобод аз ҷониби марзбонони ӯзбекро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубоев пас аз марги се тан дар марз бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов телефонӣ суҳбат кардааст.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хабар медиҳад.
Вазирони ду кишвар ҳодисаи истифодаи силоҳ дар минтақаи Тобо-Қӯрғони вилояти Ҷалолобод аз ҷониби марзбонони ӯзбекро, ки дар пайи он се қирғизистонӣ ҷон бохт, баррасӣ карданд.
"Ҷонибҳо бар зарурати талошҳои муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз оқибатҳои номатлуб дар минтақаи марзӣ, ҳамчунин идомаи корҳо барои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои Қирғизистону Ӯзбекистон дар заминаи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек таъкид карданд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуд, тарафҳо рӯзномаи муносибатҳои Қирғизистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули афкор намудаанд.
Ёдрас менамоем, ки 5 май дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Ӯзбекистон, дар мавзеи Добо-Қӯрғони ҷамоати деҳоти Актами ноҳияи Ала-Букаи вилояти Ҷалолобод марзбонони Ӯзбекистон се шаҳрванди Қирғизистонро тирборон карданд.
Ин бори аввал нест, ки марзбонони ӯзбек аз силоҳ истифода мекунанд: рӯзи 5 апрел низ ду қирғизистонӣ аз тири марзбонони ҳамсоякишвари худ ҳалок шуда буданд.
То кунун мақомоти ҳар ду кишвар сабаби ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.