Қиморбози 22-сола дар Душанбе ҳабс шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Қиморбози ҷавонро кормандони милитсия дар назди бозори "Ганҷина" боздошт намуданд. Бо қарори суд ӯ ба 15 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кормандони милитсия зимни доир кардани рейду амалиёти санҷишӣ як қиморбози 22-соларо дастгир намуданд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин қиморбоз дар назди бозори "Ганҷина" мардуми зиёдро гирди худ ҷамъ карда, ба фиреб додани онҳо машғул будааст.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои зиёде аз ташкили бозии "Алик-малик"-и ин ҷавонмард роҳ ёфта буд.
Манбаъ меафзояд, пас аз бозпурсӣ шудани ин қиморбоз маълум гардид, ки ӯ сокини кӯчаи Деҳотӣ буда, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ба фиреби мардум машғул будааст.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Боздошту ҳабси марде барои ташкили қиморбозӣ ё "алик-малик" дар Душанбе
Ҳамин тариқ нисбати номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъйин карда шуд.
Ин ниҳод аз сокинону меҳмонони пойтахт дархост намудааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодисаҳо гардидан сабти видеоӣ ё акс гирифта, барои баррасӣ ба кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ирсол намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин мавриди боздошти ташкилкунандагони бозии "Алик-малик" дар пойтах нест.
Муҳаммадраҷаби Карим, як сокини пойтахт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қиморбозон бештар барои ташкили бозии "Алик-малик" бештар ҷойҳои серодамро интихоб мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, санҷишҳо дар ин хусус ба таври кофӣ роҳандозӣ нашудаанд, чун ҳамарӯза даҳҳо мавриди ташкили чунин "бозӣ"-ҳоро дар ҷойҳои серодаму бозорҳои пойтахт дидан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0