Боздошту ҳабси марде барои ташкили қиморбозӣ ё "алик-малик" дар Душанбе

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкНаручники висят на дверной ручки.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Обуна шудан
Марди боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ чандин бор дастгир гаштааст, аммо боз ҳам ҳамон аъмолашро такрор кардааст
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе як қиморбози ашаддиро дар пойтахт боздошт кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, дафтари матбуотии РВКД, боздошт ҳангоми гузаронидани санҷишҳо дар ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани санҷиши навбатӣ марди 53-сола М. М. У., истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ ҳангоми қиморбозӣ дар кӯчаи Фирдавсӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳарчанде қаблан чандин бор ин мард аз ҷониби кормандони мақомот дастгир ва барои ин кирдори ғайриқонунӣ нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, ӯ тарки ин амали ғайриқонунӣ накардаааст.

"Ӯ баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии "алик-малик" машғул ва бо ин роҳ маблағ ба даст меовард", - афзуд манбаъ.

Вобаста ба ин нисбати боздоштшуда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъйин шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин мавриди боздошти ташкилкунандагони бозии "алик-малик" дар пойтах нест.
Муҳаммадраҷаби Карим, як сокини пойтахт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қиморбозон бештар барои ташкили бозии "алик-малик" бештар ҷойҳои серодамро интихоб мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, санҷишҳо дар ин хусус ба таври кофӣ роҳандозӣ нашудаанд, вагарна ҳамарӯза даҳҳо мавриди ташкили чунин "бозӣ"-ҳоро дар ҷойҳои серодаму бозорҳои пойтахт дидан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0