https://sputnik.tj/20220512/tolibon-tozasozii-artishi-afghoniston-komissiya-tasis-1048377773.html
Толибон барои тозасозии сафҳои артиши Афғонистон комиссия махсус таъсис доданд
Толибон барои тозасозии сафҳои артиши Афғонистон комиссия махсус таъсис доданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои ҳукумати муваққати толибон ахиран эълон кардааст, ки комиссияи тасфияи артиши Афғонистон оғоз ба кор кард
2022-05-12T09:00+0500
2022-05-12T09:00+0500
2022-05-12T09:00+0500
афғонистон
толибон
артиш
амният ва мудофиа
сарбоз
осиёи марказӣ
тоза кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045668611_0:252:2049:1404_1920x0_80_0_0_7e94eccb339a32d88f49d92bbe5a8c77.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати толибон эълон кардааст, ки барои тозаасозии сафҳои артиши Афғонистон дар ваазорати дифои ин кишвар комиссия махсус таъсиси дода шудаааст.Расонаҳои дохилии Афғонистон хабар доданд, ки ин комиссия тозасозии сафҳои артиши кишвар баъд аз поёни кори комиссияи тозасозии сафҳои неруҳои амниятии Толибон, оғоз ба кор кард.Бар асоси фармони Муҳаммадяъқуби Муҷоҳид, вазири дифои Толибон, комиссияи тасфияи сафҳои артиш ба раёсати Латифуллоҳ Ҳакимӣ ташкил шуд.Латифуллоҳ Ҳакимӣ, раиси Комиссияи тасфияи сафҳои толибон соли гузашта дар нишасте бо масъулони амниятиву дифоии вилоёти Қандаҳор, Ҳилманд, Зобул ва Урузгон гуфта буд, тасфияи суфуф нахустин шарти асосӣ барои бақои низоми толибон аст.Ҳакимӣ пеш аз ин низ изҳор дошта буд, афроде ки аз номи Толибон сӯиистифода мекарданд, дар 22 вилоят шиносоӣ, боздошт ва ё барканор шудаанд.Ёдрас мешавем, ки бо суқути ҳукумати пешини Афғонистон ва фирори Ашраф Ғанӣраисҷумҳури ин кишвар ба хориҷ аксари сарбозону чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ба кишварҳои мухталиф фирор карданд. Аз ҷумла аксари сарбозони ҳукумати пешини Афғонистон ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон фирор карданд.
https://sputnik.tj/20220510/tolibon-amriko-omili-faqru-nooromiho-afghoniston-1048337858.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045668611_0:60:2049:1596_1920x0_80_0_0_9cb4b0f63b7bbf033ba00b4ae8482b43.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, тозасозӣ, сафи артиш, вазорати дифоъ
афғонистон, толибон, тозасозӣ, сафи артиш, вазорати дифоъ
Толибон барои тозасозии сафҳои артиши Афғонистон комиссия махсус таъсис доданд
Вазорати дифои ҳукумати муваққати толибон ахиран эълон кардааст, ки комиссияи тасфияи артиши Афғонистон оғоз ба кор кард
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати толибон эълон кардааст, ки барои тозаасозии сафҳои артиши Афғонистон дар ваазорати дифои ин кишвар комиссия махсус таъсиси дода шудаааст.
Расонаҳои дохилии Афғонистон хабар доданд, ки ин комиссия тозасозии сафҳои артиши кишвар баъд аз поёни кори комиссияи тозасозии сафҳои неруҳои амниятии Толибон, оғоз ба кор кард.
Бар асоси фармони Муҳаммадяъқуби Муҷоҳид, вазири дифои Толибон, комиссияи тасфияи сафҳои артиш ба раёсати Латифуллоҳ Ҳакимӣ ташкил шуд.
Латифуллоҳ Ҳакимӣ, раиси Комиссияи тасфияи сафҳои толибон соли гузашта дар нишасте бо масъулони амниятиву дифоии вилоёти Қандаҳор, Ҳилманд, Зобул ва Урузгон гуфта буд, тасфияи суфуф нахустин шарти асосӣ барои бақои низоми толибон аст.
Ҳакимӣ пеш аз ин низ изҳор дошта буд, афроде ки аз номи Толибон сӯиистифода мекарданд, дар 22 вилоят шиносоӣ, боздошт ва ё барканор шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки бо суқути ҳукумати пешини Афғонистон ва фирори Ашраф Ғанӣраисҷумҳури ин кишвар ба хориҷ аксари сарбозону чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ба кишварҳои мухталиф фирор карданд. Аз ҷумла аксари сарбозони ҳукумати пешини Афғонистон ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон фирор карданд.