https://sputnik.tj/20220512/itoliyo-olmon-pul-gaz-rubl-1048392018.html
Нахуствазири Итолиё гуфт, Олмон пардохти пули газро бо рубл шуруъ кардааст
Нахуствазири Итолиё гуфт, Олмон пардохти пули газро бо рубл шуруъ кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки ширкати гази олмонии VNG қасд дорад евроро барои табдили минбаъда ба рубл ва пардохти газ ба Газпромбонк интиқол диҳад
2022-05-12T14:50+0500
2022-05-12T14:50+0500
2022-05-12T18:53+0500
итолиё
олмон
дар русия
газ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0c/1048392255_0:20:3116:1773_1920x0_80_0_0_a9103b99929adce41b64a2775631f7c5.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Марио Драги, нахуствазири Итолиё гуфт, Олмон аллакай маблағи интиқоли гази Русияро бо рубл пардохт кардааст. Як рӯз пеш расонаҳои ғарбӣ дар бораи омода будани VNG-и Олмон ба амал кардан аз рӯи тарҳи пешниҳодкардаи Маскав навиштанд. Тавре зикр гардид, ширкат аллакай дар "Газпромбонк" суратҳисоб кушодааст.Вай ҳамчунин изҳори итминон кард, ки пардохтҳо барои гази Русия идома хоҳанд ёфт. Ба гузориши "Bloomberg", то имрӯз дастикам 10 харидори аврупоӣ дар “Газпромбонк” суратҳисоб боз кардаанд, ки чаҳортои онҳо аллакай бо рубл пардохт кардаанд. Дар ҳамин ҳол дар Олмон изҳори нигаронӣ карданд, ки қатъи интиқоли гази Русия боиси аз даст додани садҳо ҳазор ҷойи кор мешавад, менависад N-TV бо такя ба иқтисодшинос Ахим Тругер. Ёдовар мешавем, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 31 март фармон дар бораи қоидаҳои тиҷорати газ бо кишварҳои ғайридӯстро имзо кард. Чунин давлатҳо бояд барои пардохти пули газ дар бонкҳои Русия ҳисобҳои рубл боз кунанд. Путин ваъда дод, ки агар Русия пул нагирад, қарордодҳои мавҷудаи газ қатъ карда мешаванд. Русия дар ҳоли ҳозир тақрибан 40% газро ба Аврупо медиҳад ва бузургтарин содиркунандаи он ба ин минтақа аст.
https://sputnik.tj/20220510/korshinos-sarkashi-rubl-boloravi-narkh-avrupo-1048327318.html
итолиё
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0c/1048392255_319:0:3050:2048_1920x0_80_0_0_6b8449123e60bcc2688252ca972ef542.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
итолиё олмон пардохт пул газ рубл
итолиё олмон пардохт пул газ рубл
Нахуствазири Итолиё гуфт, Олмон пардохти пули газро бо рубл шуруъ кардааст
14:50 12.05.2022 (Навсозишуда: 18:53 12.05.2022) Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки ширкати гази олмонии VNG қасд дорад, евроро барои табдили минбаъда ба рубл ва пардохти газ ба "Газпромбонк" интиқол диҳад
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Марио Драги, нахуствазири Итолиё гуфт, Олмон аллакай маблағи интиқоли гази Русияро бо рубл пардохт кардааст.
Як рӯз пеш расонаҳои ғарбӣ дар бораи омода будани VNG-и Олмон ба амал кардан аз рӯи тарҳи пешниҳодкардаи Маскав навиштанд. Тавре зикр гардид, ширкат аллакай дар "Газпромбонк" суратҳисоб кушодааст.
"Ҳеҷ кас нагуфтааст, ки пардохти рубл таҳримҳоро вайрон мекунад ё на, ин як минтақаи ҳоил аст. Бузургтарин воридкунандаи газ, Олмон аллакай бо рубл пардохт кардааст ва аксари воридкунандагон ҳисобҳоро бо рубл боз кардаанд", - гуфт сарвазири Итолиё.
Вай ҳамчунин изҳори итминон кард, ки пардохтҳо барои гази Русия идома хоҳанд ёфт. Ба гузориши "Bloomberg", то имрӯз дастикам 10 харидори аврупоӣ дар “Газпромбонк” суратҳисоб боз кардаанд, ки чаҳортои онҳо аллакай бо рубл пардохт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол дар Олмон изҳори нигаронӣ карданд, ки қатъи интиқоли гази Русия боиси аз даст додани садҳо ҳазор ҷойи кор мешавад, менависад N-TV бо такя ба иқтисодшинос Ахим Тругер.
Ёдовар мешавем, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 31 март фармон дар бораи қоидаҳои тиҷорати газ бо кишварҳои ғайридӯстро имзо кард. Чунин давлатҳо бояд барои пардохти пули газ дар бонкҳои Русия ҳисобҳои рубл боз кунанд.
Путин ваъда дод, ки агар Русия пул нагирад, қарордодҳои мавҷудаи газ қатъ карда мешаванд.
Русия дар ҳоли ҳозир тақрибан 40% газро ба Аврупо медиҳад ва бузургтарин содиркунандаи он ба ин минтақа аст.