Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Frontex": Бинобар амалиёти Русия беш аз шаш миллион нафар Украинаро тарк карданд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкСитуация на польско-украинской границе
Ситуация на польско-украинской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Оҷонсии аврупоии ҳифзи марзҳои беруна (Frontex) хабар додааст, ки аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина беш аз шаш миллион нафар ин кишварро тарк кардаанд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина беш аз шаш миллион шаҳрванди ин кишвар дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба Оҷонсии аврупоии ҳифзи марзҳои беруна.

"Беш аз 6 миллион нафар аз шаҳрвандон Украинаро тарк карданд ва дар кишварҳои хориҷ паноҳ бурданд. Аз ин шумор беш аз 3 миллион нафар ба Лаҳистон ва беш аз як миллион нафари дигар ба Молдова рафтаанд", - таъкид кардааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол шумори паноҳҷӯёне, ки ҳамарӯза Украинаро тарк мекунанд, дар рӯзҳои ахир чанд баробар коҳиш ёфтааст.
“Frontex” мегӯяд, агар дар 10 рӯзи аввали амалиёти вижа ҳудуди 125 ҳазор нафар марзҳои Иттиҳодияи Аврупоро убур карда буд, аммо ҳоло ин шумора рӯзона то 34 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Гутерриш ба зуд анҷом ёфтани низоъ дар Украина бовар надорад
Ҳамчунин, тайи 10 рӯзи ахир ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 25 ҳазор нафар аз кишварҳои Аврупо вориди Украина мешаванд. Дар маҷмуъ, аз 24 феврал то имрӯз ҳудуди як миллион нафар дубора вориди Украина шудааст.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0