https://sputnik.tj/20220512/chin-havopaymot-musofiron-otash-1048379156.html
Дар Чин ҳавопаймо бо мусофирон оташ гирифт: даҳҳо нафар захмӣ шуданд
Дар Чин ҳавопаймо бо мусофирон оташ гирифт: даҳҳо нафар захмӣ шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймо бо 113 мусофир дар фурудгоҳе дар ҷанубу ғарби Чин ба коми оташ рафт - захмиён ба бемористонҳо мунтақил шуданд
2022-05-12T10:38+0500
2022-05-12T10:38+0500
2022-05-12T13:34+0500
чин
ҳавопаймо
сӯхтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102370/58/1023705867_0:106:3265:1943_1920x0_80_0_0_cec981135c108742c57d03607a54b9e1.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбарии ширкати "Tibet Airlines" ҳангоми ҳаракат дар хатти парвоз оташ гирифт. Дар ин бора хабаргузории "Синхуа" хабар додааст. Ҳодиса дар Фурудгоҳи байнулмилалии Ҷянбэй дар Чунтсин рух додааст. Гуфта мешавад, ки дар ҳавопаймо 113 мусофир ва 9 узви ҳайати халабонҳо буданд. Дар пайи ин ҳодиса 40 нафар захмӣ шудаанд, ки ҳоло дар беморхона бистарӣ шудаанд."Ҳавопаймои парвози TV9833, масири Чунтсин-Нинчи дар Фурудгоҳи байналмилалии Чунтсин Ҷянбэй ҳангоми ҳаракат дар хатти парвоз аз тарафи чапи оташ гирифт", — гуфта мешавад дар иттилоияи сомонаи фурудгоҳ.Дар бораи фавтидагон маълумоте нест. Сабабҳои сӯхтор ҳоло муайян нашудаанд. Шабакаҳои телевизионии Чин гузориш доданд, ки сӯхтор аллакай бартараф карда шуда, хатти парвоз, ки оташсӯзӣ дар он ҷо сар зада буд, ҳоло баста шудааст. Парвозҳое, ки бояд ба Чунтсин меомаданд, қисман ба Фурудгоҳи байналмилалии "Шуанлиу" дар Ченгдуи музофоти Сичуан равон карда шуданд.Ин дувумин садамаи бузурги ҳавопаймоӣ дар соли ҷорӣ дар Чин аст. Қаблан ҳавопаймои "Boeing 737"-и ширкати "China Eastern Airlines", ки дар масири Кунмин-Ҳуанчжоу парвоз мекард, дар ноҳияи Тенгсиани шаҳри Вучжоу суқут кард.Дар ҳавопаймо 132 нафар, аз ҷумла 123 мусофир ва 9 узви ҳайати халабонҳо буданд, ки ҳама кушта шуданд. Сабабҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймо, ки аз соли 2015 ба ин сӯ истифода мешавад, ҳанӯз маълум нест. Коршиносон таҳқиқи суқути онро идома медиҳанд.
https://sputnik.tj/20220321/sabab-suqut-havopaymo-chini-malum-1046962284.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102370/58/1023705867_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_098e240239fae5f4d1dea64d8bd742ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин ҳавопаймо мусофирон оташ
чин ҳавопаймо мусофирон оташ
Дар Чин ҳавопаймо бо мусофирон оташ гирифт: даҳҳо нафар захмӣ шуданд
10:38 12.05.2022 (Навсозишуда: 13:34 12.05.2022) Ҳавопаймо бо 113 мусофир дар фурудгоҳе дар ҷанубу ғарби Чин ба коми оташ рафт - захмиён ба бемористонҳо мунтақил шуданд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбарии ширкати "Tibet Airlines" ҳангоми ҳаракат дар хатти парвоз оташ гирифт. Дар ин бора хабаргузории "Синхуа" хабар додааст.
Ҳодиса дар Фурудгоҳи байнулмилалии Ҷянбэй дар Чунтсин рух додааст. Гуфта мешавад, ки дар ҳавопаймо 113 мусофир ва 9 узви ҳайати халабонҳо буданд.
Дар пайи ин ҳодиса 40 нафар захмӣ шудаанд, ки ҳоло дар беморхона бистарӣ шудаанд.
"Ҳавопаймои парвози TV9833, масири Чунтсин-Нинчи дар Фурудгоҳи байналмилалии Чунтсин Ҷянбэй ҳангоми ҳаракат дар хатти парвоз аз тарафи чапи оташ гирифт", — гуфта мешавад дар иттилоияи сомонаи фурудгоҳ.
Дар бораи фавтидагон маълумоте нест. Сабабҳои сӯхтор ҳоло муайян нашудаанд.
Шабакаҳои телевизионии Чин гузориш доданд, ки сӯхтор аллакай бартараф карда шуда, хатти парвоз, ки оташсӯзӣ дар он ҷо сар зада буд, ҳоло баста шудааст. Парвозҳое, ки бояд ба Чунтсин меомаданд, қисман ба Фурудгоҳи байналмилалии "Шуанлиу" дар Ченгдуи музофоти Сичуан равон карда шуданд.
Ин дувумин садамаи бузурги ҳавопаймоӣ дар соли ҷорӣ дар Чин аст. Қаблан ҳавопаймои "Boeing 737"-и ширкати "China Eastern Airlines", ки дар масири Кунмин-Ҳуанчжоу парвоз мекард, дар ноҳияи Тенгсиани шаҳри Вучжоу суқут кард.
Дар ҳавопаймо 132 нафар, аз ҷумла 123 мусофир ва 9 узви ҳайати халабонҳо буданд, ки ҳама кушта шуданд. Сабабҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймо, ки аз соли 2015 ба ин сӯ истифода мешавад, ҳанӯз маълум нест. Коршиносон таҳқиқи суқути онро идома медиҳанд.