Сабаби суқути ҳавопаймои "Boeing 737"-и чинӣ маълум шуд

© Sputnik / Максим БлиновCамолет Boeing 737
Cамолет Boeing 737 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Расонаҳои чинӣ фарзияи қаблии суқути ҳавопаймо дар музофоти Тенгсиани Вучжоуро мунташир карданд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Сабаби суқути ҳавопаймои "China Eastern Airlines" метавонад аз кор мондани муҳаррикаш дар ҳаво бошад. Дар ин бора рӯзномаи чинии "Ҳуантмю Шибао" иттилоъ додааст.
Ван Янган, сармуҳаррири ин нашрия афзуд, барои хулосаи ниҳоӣ баровардан дар ин хусус ҳанӯз барвақт аст, зеро ифшои қуттиҳои сиёҳ дар ҳавопаймо зарур аст.

"Бо эҳтимоли зиёд метавонем бигӯем, ки корношоямии муҳаррик рух додааст, ки дар натиҷа халабонҳо идораи ҳавопайморо аз даст додаанд", - шарҳ дод ӯ.

Ёдовар мешавем, ҳавопаймои "Boeing 737"-и ширкати "China Eastern Airlines", ки дар масири Кунмин-Ҳуанчжоу парвоз мекард, дар ноҳияи Тенгсиани шаҳри Вучжоу суқут кард.
Дар ҷои ҳодиса сӯхтори азими ҷангал оғоз шуд. Тибқи гузоришҳо, дар ҳавопаймо 132 нафар - 123 мусофир ва 9 узви экипаж буда. Тақдири онҳо номаълум аст.
Крушение самолета Boeing 737 в Китае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Навори суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Чин - видео
Идораи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин механизми вокуниш ба ҳолати изтирориро ба кор андохта, ба ҷои ҳодиса як гурӯҳи фаврӣ, 177 оташнишон ва 23 мошини махсус фиристодааст.
Ба ҷуз аз онҳо 538 нафар аз сӯхторнишонҳо аз манотиқи дигар низ барои хомӯш кардани оташсӯзӣ ҷалб шудаанд.
Мушкилии наҷотдиҳандагон ва сӯхторнишонон мавқеи душвори ҷуғрофии ҳавопаймои суқуткарда аст: он дар минтақаи кӯҳӣ, дар байни ҷангали дорои дарахтони зич афтидааст.
Тибқи маълумоти муқаддамотӣ, ки Консулгарии генералии Русия дар Ҳуанжоу гуфтааст, дар бораи ин ки дар ин ҳавопаймо шаҳрвандони Русия буданд ё на, иттилое дар даст надорад.
Лентаи хабарҳо
0