https://sputnik.tj/20220511/rustami-emomali-berdimuhammadov-afghoniston-vokunishi-1048352921.html
Рустами Эмомалӣ ба Бердимуҳаммадов дуруди Раҳмонро расонду ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Рустами Эмомалӣ ба Бердимуҳаммадов дуруди Раҳмонро расонду ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Душанбе бо президенти собиқи Туркманистон ҳамкориҳои кишварҳоро баррасӣ карда, хостори беҳтар шудани равобит дар арсаи фарҳанг ва маориф шуд 11.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-11T14:49+0500
2022-05-11T14:49+0500
2022-05-11T16:30+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
қурбонгулӣ бердимуҳаммедов
рустами эмомалӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1b/1032357822_0:0:1528:859_1920x0_80_0_0_5ac816b22609d48025f4b2cc9b66e469.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кардааст, хабар медиҳад сухангӯи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода. Дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ Бердимуҳаммадовро ба муносибати оғози фаъолияташ ба ҳайси раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон табрик карда, ба ӯ дуруди бародарона ва таманниёти неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонидааст.Дар мулоқот таъкид шудааст, ки раванди рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳоло дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ хуб ҷараён дорад.Ҳамзамон дар мулоқот дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардидааст.Ҷонибҳо ҳамзамон аз густариши равобити тиҷорӣ тайи солҳои ахир гуфта, ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳод гардид, ки миқдори бурсияҳои таълимӣ аз ҳар ду ҷониб зиёд карда шуда, масъалаи ташкили Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар робита ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии муштараки мавқеъҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон ташаббуси роҳбарияти Туркманистонро оид ба таҳияи стратегияи СММ, ки ба татбиқи чораҳои энергетикаи камкарбон нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд.
https://sputnik.tj/20220423/tojikiston-kharidor-alumini-1047903901.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1b/1032357822_0:0:1416:1062_1920x0_80_0_0_ba1b2c0daecafb6f1036c0d13ad62395.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот рустами эмомалӣ бердимуҳаммадов
мулоқот рустами эмомалӣ бердимуҳаммадов
Рустами Эмомалӣ ба Бердимуҳаммадов дуруди Раҳмонро расонду ҳамкориҳоро баррасӣ кард
14:49 11.05.2022 (Навсозишуда: 16:30 11.05.2022) Шаҳрдори Душанбе бо президенти собиқи Туркманистон ҳамкориҳои кишварҳоро баррасӣ карда, хостори беҳтар шудани равобит дар арсаи фарҳанг ва маориф шуд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кардааст, хабар медиҳад сухангӯи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода.
Дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ Бердимуҳаммадовро ба муносибати оғози фаъолияташ ба ҳайси раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон табрик карда, ба ӯ дуруди бародарона ва таманниёти неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонидааст.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки раванди рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳоло дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ хуб ҷараён дорад.
Ҳамзамон дар мулоқот дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардидааст.
Ҷонибҳо ҳамзамон аз густариши равобити тиҷорӣ тайи солҳои ахир гуфта, ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳод гардид, ки миқдори бурсияҳои таълимӣ аз ҳар ду ҷониб зиёд карда шуда, масъалаи ташкили Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар робита ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии муштараки мавқеъҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон ташаббуси роҳбарияти Туркманистонро оид ба таҳияи стратегияи СММ, ки ба татбиқи чораҳои энергетикаи камкарбон нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд.