Тоҷикистон як харидори умедбахши алюминийро ба даст овард

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкТаджикский алюминиевый завод, архивное фото
Таджикский алюминиевый завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Обуна шудан
Яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои бунёди саноати коркард дар ҷумҳурӣ 10 ҳазор тонна алюминий аз Тоҷикистон харидорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Туркманистон аз Тоҷикистон алюминий мехарад. Ин кишвар нақша дорад, ки 10 ҳазор тонна металл харидорӣ кунад.
Қарори дахлдорро раисҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи онлайнии ҳукумат имзо кард.
Алюминии харидоришаванда дар назар аст, ки барои бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулот истифода шавад.
Ҳуҷҷате, ки аз ҷониби Бердимуҳаммадов имзо шудааст, ба корхонаи давлатии "Небитмаш" имкон медиҳад, ки бо Корхонаи алюминии Тоҷикистон барои хариди 7 ҳазор тонна металл ва 3 ҳазор тонна хулаҳои алюминии холис марҳила ба марҳила шартнома банданд.
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Истеҳсоли ками алюминий: президент хост, “ТАлКо” бо тамоми иқтидор ба кор дароварда шавад
Зимнан чанде пеш ТАлКо аз коҳиши тақрибан 30%-ии истихроҷи алюминий хабар дода буд.
Ҳамин тариқ дар соли 2021 ширкат 61 ҳазор тонна металл истеҳсол кардааст.
Аз сабаби сари вақт ба корхона наовардани ашёи хоми зарурӣ вазъияти пуршиддат ба амал омад. ТАлКо тавзеҳ дод, ки ба далели пандемияи коронавирус Тоҷикистон ҷузъҳои лозимро барои тавлиди алюминий аз Чин нагирифт.
Бо вуҷуди ин ширкат нақшаи афзоиши истеҳсоли металлро дар соли 2022 эълон кард. Ҳамин тавр дар назар аст, ки истеҳсоли ин металл ба 86 ҳазор тонна расонда шавад.
Тоҷикистон таъминкунандаи саховатманди гази моеъ ёфт
Дар навбати худ Туркманистон уҳдадор шуд, ки ба Тоҷикистон дар ҳаҷми номаҳдуди гази моеъ диҳад. Бастани чунин созишнома дар аввали феврали соли 2022 маълум шуд.
Дар ҳамин ҳол дар соли 2021 ҷумҳурӣ аз кишвари ҳамсоя аллакай 5 ҳазор тонна гази моеъ дарёфт кардааст. Ин воридот сабаб гардид, ки нархи он дар кишвар каме поин равад.
Лентаи хабарҳо
0