https://sputnik.tj/20220510/salibi-surkh-maqomoti-eron-muhojiron-afghoniston-1048335332.html
Салиби Сурх бо мақомоти Эрон вазъияти муҳоҷирони афғонистониро баррасӣ кард
Салиби Сурх бо мақомоти Эрон вазъияти муҳоҷирони афғонистониро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Мудири кулли Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Теҳрон масоили мухталиф, аз ҷумла вазъияти муҳоҷирони афғонистонӣро бо мақомоти Эрон баррасӣ кард
2022-05-10T18:05+0500
2022-05-10T18:05+0500
2022-05-11T13:46+0500
эрон
афғонистон
ҳамкорӣ
муҳоҷират
гурезаҳои афғон
паноҳҷӯён
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102210/59/1022105915_0:71:2500:1477_1920x0_80_0_0_cd9e99d8d20c3aad3d8de7c7b3c53af2.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Роберт Мардини, мудири кулли Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ахиран ба Теҳрон сафар ва бо шуморе аз мақомоти эронӣ дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст ИРНА.Ба иттилои манбаъ, Роберт Мардинӣ ахиран дар ташреҳи гуфтугӯҳои худ бо мақомоти Эрон гуфт, баррасии авзоъ дар Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахири ин кишвар, ки дар моҳи август бо тағйири давлат сурат гирифт, аз муҳимтарин мавзуоти гуфтугӯ бо мақомоти Эрон будааст.Вай гуфт, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бо Ҳилоли Аҳмари Эрон роҳҳои ироаи хадамоти беҳдоштии ҳаётӣ ба муҳоҷирону паноҳндагони афғонро мавриди баҳс қарор дод.Оқои Мардини ҳамчунин афзуд, бо мақомоти Эрон дар бораи вазъияти Яману Сурия, таъсироти ҷангу хушунатҳо ва ҳамчунин тағйироти обуҳавоӣ бо мақомоти Эрон гуфтугӯ кардааст.Мудири кулли Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бо ишора ба рафтори саховатмандонаи Эрон бо паноҳҷӯён афзуд, тавсеаи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар заминаи созмондиҳии муҳоҷирони Афғонистон ва муқобила бо КОВИД аз заминаҳои ҳамкории Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бо Эрон аст.
https://sputnik.tj/20220502/eron-tolibon-tamini-amniyat-komili-afghoniston-1048137898.html
эрон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102210/59/1022105915_277:0:2500:1667_1920x0_80_0_0_78d255298753c48aa174cf4ad7981502.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
салиби сурх, эрон, муҳоҷирон, афғон, афғонистон, баррасӣ
салиби сурх, эрон, муҳоҷирон, афғон, афғонистон, баррасӣ
Салиби Сурх бо мақомоти Эрон вазъияти муҳоҷирони афғонистониро баррасӣ кард
18:05 10.05.2022 (Навсозишуда: 13:46 11.05.2022) Мудири кулли Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Теҳрон масоили мухталиф, аз ҷумла вазъияти муҳоҷирони афғонистониро бо мақомоти Эрон баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Роберт Мардини, мудири кулли Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ахиран ба Теҳрон сафар ва бо шуморе аз мақомоти эронӣ дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст ИРНА.
Ба иттилои манбаъ, Роберт Мардинӣ ахиран дар ташреҳи гуфтугӯҳои худ бо мақомоти Эрон гуфт, баррасии авзоъ дар Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахири ин кишвар, ки дар моҳи август бо тағйири давлат сурат гирифт, аз муҳимтарин мавзуоти гуфтугӯ бо мақомоти Эрон будааст.
Вай гуфт, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бо Ҳилоли Аҳмари Эрон роҳҳои ироаи хадамоти беҳдоштии ҳаётӣ ба муҳоҷирону паноҳндагони афғонро мавриди баҳс қарор дод.
Оқои Мардини ҳамчунин афзуд, бо мақомоти Эрон дар бораи вазъияти Яману Сурия, таъсироти ҷангу хушунатҳо ва ҳамчунин тағйироти обуҳавоӣ бо мақомоти Эрон гуфтугӯ кардааст.
Мудири кулли Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бо ишора ба рафтори саховатмандонаи Эрон бо паноҳҷӯён афзуд, тавсеаи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар заминаи созмондиҳии муҳоҷирони Афғонистон ва муқобила бо КОВИД аз заминаҳои ҳамкории Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх бо Эрон аст.