https://sputnik.tj/20220502/eron-tolibon-tamini-amniyat-komili-afghoniston-1048137898.html
Эрон аз толибон хостори таъмини амнияти комили намояндагиҳои кишвар дар Афғонистон шуд
Эрон аз толибон хостори таъмини амнияти комили намояндагиҳои кишвар дар Афғонистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Эрон дар гуфтугӯ бо сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистони толибон хостори таъмини амнияти намоянгиҳои Эрон дар Афғонистон шуд
2022-05-02T17:05+0500
2022-05-02T17:05+0500
2022-05-03T09:42+0500
эрон
афғонистон
осиёи марказӣ
амният ва мудофиа
сафорат
консулгарӣ
вазири хориҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041611915_0:404:2923:2048_1920x0_80_0_0_322156d6b37294351c7ce77ffcf14dc3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳусайнамири Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон ахиран даргуфтугӯи телефонӣ бо Амирхон Муттақӣ сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон бо ибрози нигарони аз амнияти намоянгиҳои Эрон дар Афғонистон, хостори иттихози тадобири амниятии комил барои ин маконҳо шуд.Абдуллоҳиён аз таҳдидоти эҳтимоли нисбат ба сохтмони сафорати кишварамон дар Кобул ва сарконсулгариҳои ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳирот, Мазоришариф, Қандаҳор ва Ҷалолобод ибзори нигарони кард ва хостори иттихози тадобири амниятии комил барои онҳо шуд.Дар навбати худ Амирхон Муттақӣ сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон низ зимни табрик ба муносибати фарорасидани иди саиди Фитр ва ироаи арзобии худ аз таҳавуллоти амниятии Афғонистон, равобити дукишварро муҳим хонд.Вай таъкид кард, ки душманони думиллат Афғонистон ва Эрон бо иқдомоти худ ба равобити дукишвар осеб ворид мекунанд.Афғонистон дар чанд рӯзи гузашта шоҳиди инфиҷору ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар аз ҷумла Кобул, масоҷиди Мазоришариф ва Қундуз шуда буд, ки садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Аксари ин инфиҷорҳоро гурӯҳи террористии ДИИШ* бар уҳда гирфт.* - Созмони террористии маманӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20220425/eron-tolibon-tamini-amniyat-afghoniston-ojiz-1047951356.html
эрон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041611915_69:0:2800:2048_1920x0_80_0_0_ae7836e3ab6b56f738ca30635fe4055c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, афғонистон, равобит, таъмин, амният, сафорат, консулгарӣ, амирабдуллоҳиён, вазири хориҷа, толибон
эрон, афғонистон, равобит, таъмин, амният, сафорат, консулгарӣ, амирабдуллоҳиён, вазири хориҷа, толибон
Эрон аз толибон хостори таъмини амнияти комили намояндагиҳои кишвар дар Афғонистон шуд
17:05 02.05.2022 (Навсозишуда: 09:42 03.05.2022) Мақомоти Эрон дар гуфтугӯ бо сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистони толибон хостори таъмини амнияти намоянгиҳои Эрон дар Афғонистон шуд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳусайнамири Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон ахиран даргуфтугӯи телефонӣ бо Амирхон Муттақӣ сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон бо ибрози нигарони аз амнияти намоянгиҳои Эрон дар Афғонистон, хостори иттихози тадобири амниятии комил барои ин маконҳо шуд.
Абдуллоҳиён аз таҳдидоти эҳтимоли нисбат ба сохтмони сафорати кишварамон дар Кобул ва сарконсулгариҳои ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳирот, Мазоришариф, Қандаҳор ва Ҷалолобод ибзори нигарони кард ва хостори иттихози тадобири амниятии комил барои онҳо шуд.
Дар навбати худ Амирхон Муттақӣ сарпарасти Вазорати хориҷаи Афғонистон низ зимни табрик ба муносибати фарорасидани иди саиди Фитр ва ироаи арзобии худ аз таҳавуллоти амниятии Афғонистон, равобити дукишварро муҳим хонд.
Вай таъкид кард, ки душманони думиллат Афғонистон ва Эрон бо иқдомоти худ ба равобити дукишвар осеб ворид мекунанд.
“Ба шумо итминон медиҳем, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ба таври комил амнияти тамоми намояндагиҳои дипламати ва консулии Эрон дар Афғонистонро таъмин хоҳанд кард”, - гуфт Амирхон Муттақӣ.
Афғонистон дар чанд рӯзи гузашта шоҳиди инфиҷору ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар аз ҷумла Кобул, масоҷиди Мазоришариф ва Қундуз шуда буд, ки садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Аксари ин инфиҷорҳоро гурӯҳи террористии ДИИШ* бар уҳда гирфт.
* - Созмони террористии маманӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон